расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Бо корд захмӣ намудани ҳамсари собиқ

. / Ҳаводис

Бо корд захмӣ намудани ҳамсари собиқ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом бо гумони қас-дан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 17-уми декабри соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи собиқ ҳамсараш, зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.