расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДУХТАРИ 27 СОЛА ЗАНИ МӮЙСАФЕД МЕШАВАД!

. / Ҷомеа

ДУХТАРИ 27 СОЛА ЗАНИ МӮЙСАФЕД МЕШАВАД!

Дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрону зор мондаам. Аз ғаму ғусса хӯрдан ҷонам ба лабам расидааст. Косаи сабрам лабрез гашта, хома ба даст гирифтам, то дарди диламро ифшо намоям. 
Бо шавҳарам 8-сол зиндагӣ карда, бо сабаби бефарзандӣ ҷудо шудем. Духтурон айбро дар ман ёфта, ба шавҳарам гуфтанд, ки танҳо бо усули бордоркунӣ фарзанддор шуда метавонам. Шавҳарам ин пешниҳодро рад карда, маро ба хона овард ва падарамро ҷеғ зада, кӯчу бандамро ба мошини боркашоне бор карду талоқамро дод. Падарам сари қаҳру ғазаб дар назди аҳли оилаи шавҳарам қасам хӯрд: «Як моҳ нагузашта духтарамро шавҳар медиҳам!» Ҳамин тавр бо ашки шашқатор хонаи бахтамро тарк намудам. Ҳафтае пас падарам аз аҳли хонавода шодиёна гирифт, ки барои ман шавҳар ёфтааст. Аз забони хоҳарам шунидам, ки домоди ёфтаи падарам мӯйсафед будааст. Хонаро ба сар бардоштам, ки зани мӯйсафед намешавам. Падарам ба ғазаб омада бо асои бобогӣ чунон лату кӯбам кард, ки аз ҳуш рафтам. Модарам мегӯяд, ки феъли падарат тез аст, гапашро шиканӣ, туро зада мекушад. Ҳайрон мондаам. Наход ҷавонзани 27-сола зани мӯйсафед шавад?! Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед! Найсон, аз н. Восеъ подробнее тдж: https://oila.tj/news/dukhtari-27-sola-zani-mysafed-meshavad

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.