расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » 23 декабр кӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешавад?

. / Ҷомеа

23 декабр кӣ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мешавад?

Гуфта мешавад дар ин Анҷумани Иттифоқи нависандагон интихоби раис ва муовинони ин созмонӣ эҷодӣ ҳам дар назар аст.

Сурат: navisandagan.tj
Рӯзи 23-юми декабр Анҷумаи XV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешавад, ки қарор аст дар ин Анҷуман масъалаи интихоби раиси ин созмон низ матраҳ шавад. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз ин созмони эҷодии кишвар хабар доданд
Ба гуфтаи масъулони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар Анҷуман дар баробари интихоби раис, ҳамчунин интихоби муовинони раис, Садорати иттифоқ ва интихоби сардабирони маҷаллаҳои "Садои шарқ"-у "Памир" ва ҳафтномаи  «Адабиёт ва санъат» низ аз масъалаҳои барномаи кор мебошанд.
Ҳамчунин дар Анҷуман гузориши раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аз фаъолияти панҷсолаи ин созмон ҳам дар назар аст. 
Ҳанӯз 18-уми сентябри имсол Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиоқи нависандагон ба “Asia-Plus” гуфта буд, ки “яке аз масъалаҳои рӯзномаи Анҷуман интихоби раис аст”. Аммо то кунун маълум нест, ки чӣ касе раиси ин ниҳод хоҳад шуд ва номзадҳои аслӣ киҳоянд. Ҳоло Низом Қосим раиси ин ниҳод аст, ки дар Анҷумани XIV интихоб шуда буд.

Анҷумани  XV нависандагони  Тоҷикистон рӯзи 23 декабри соли 2020, соати 9, дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода баргузор мешавад.
Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.