АМАЛИЁТИ ДАРСТГИРКУНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ФСБ (ВИДЕО)

АМАЛИЁТИ ДАРСТГИРКУНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ФСБ (ВИДЕО)

 Рӯзи 30 июл дар ҷараёни як амалиёти вижа дар вилояти Волгогради Русия 6 узви шуъбаи маҳаллии созмони мазҳабии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯи «Ҷамоати таблиғ», бо шумули ташкилкунандаи он дастгир шуданд.

Дар видеои нашркардаи ФСБ дида мешавад, ки нирӯҳои вижаи ФСБ марди либоси дарози шарқӣ дар тану ангуштарӣ дар ангушташро аз як мошин фароварда, ба дасташ завлона мезананд ва ба автобус бор мекунанд. Дар идомаи видео боздошти нафарони дигар дар дохили манзилаш намоиш дода мешавад. Дар сабт дида мешавад, ки боздоштшудаҳо дар рӯи фарш дастҳо ба пушт хобонда шудаанд ва кормандони ФСБ манзилро кофтукоб доранд.ФСБ мегӯяд, дар ҷараёни кофтукоб аз манзилҳои боздоштшудаҳо адабиёти мазҳабии мамнӯъ ёфт шудааст. Вале дар видео китобҳое, ба мисли «Ценности намаза», «Ценности Рамадана», «Благочестие и богобоязненность», «Избранные хадисы» нишон дода мешаванду халос.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон