ХУДКУШИИ ҶАВОНЗАНИ МОДАРИ 3 ФАРЗАНД ВА СЕ МАРГИ ДИГАР

ХУДКУШИИ ҶАВОНЗАНИ МОДАРИ 3 ФАРЗАНД ВА СЕ МАРГИ ДИГАР

 Шоми 28 июл як зани 36-солаи модари 3 фарзанд аз деҳаи Навдии ноҳияи Рашт худро ба дарёи Сурхоб андохта, худкушӣ кардааст. Сабаби худкушии ӯ маълум нест. Ҷасади занро субҳи 29 июл 15 км поёнтар аз мавзеи Бини Бодоми ҷамоати Н. Махсум пайдо кардаанд.

Дар рӯзҳои охир дар Тоҷикистон дасти кам 3 нафар ғарқ шудаанд. Рӯзи 27 июл як навраси 13-сола дар мавзеи Электрони шаҳри Норак ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шуда, як зани 32-солаи гирифтори бемории рӯҳӣ аз деҳаи Чаманорои ноҳияи Шаҳринав дар канали деҳаи Ғулғула ҷон бохтааст. Рӯзи 29 июл аз дарёи Душанбе дар наздикии бинои Донишгоҳи миллӣ ҷасади зани тахминан 30-солаи шахсияташро номаълумро пайдо кардаанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон