Тасмими тахриби "Қасри президент". Сарнавишти пули 100 сомонӣ чӣ мешавад? ВИДЕО

100 сомонӣ. Пуле, ки дар он акси "Қасри президент" ҷой дода шудааст

Тахриби бинои собиқи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз он дар гузашта ба унвони бинои “СЕКА”, ё Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти шӯравӣ ном бурда мешуд, шурӯъ шуд. Аммо, акси ин бино дар пули 100 сомонӣ боқӣ мондааст.

Сарнавишти ин пули миллӣ, ки наздики 10 доллари амрикоӣ арзиш дорад, маълум нест.

Ин бино, ки солҳои ахир ба унвони “Қасри президент” ном бурда мешуд ва дар маркази Душанбе воқеъ аст, макони идораи Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Худи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон низ ба унвони роҳбари Тоҷикистон дар ин бино шурӯъ шудааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё баъд аз тахриби ин бино, акси он ҳамчунон дар пули 100 сомонӣ боқӣ мемонад ё не, гуфт, ки дар ин замина Ҳукумати кишвар тасмим мегирад.

“Раҳбарияти ҳукумат лозим шуморанд, ки намунаи бинои нав дар пулҳои миллӣ акс ёбанд, мо онро иҷро мекунем. Ягон мушкил вуҷуд надорад,”-гуфт, раҳбари Бонки миллӣ.

Соҳибназарони тоҷик дар ин замина назарҳои мухталиф доранд. Иброҳим Усмонов, сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бо тахриби бинои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз ба вуҷуди пули сад сомонӣ ҳам намемонад. Зеро, ба эътиқоди ин соҳибназари тоҷик, барои мардум бинои раёсати ҷумҳурӣ худ рамзи пули сад сомонӣ буд ва баъд аз тахриб беҳтар аст, ки пули дигаре дар гардиш пайдо шавад:

Ӯ гуфт: “Шояд пули 100 сомонӣ аз байн равад, агар сурати ин бино нодаркор шавад. Мумкин ба ҷои он 150 сомонӣ созанд, ё 75 сомонӣ созанд. Лекин 100 сомонӣ бо сурати дигар буда наметавонад”.

Таърихшиносон тахриби бинои собиқи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар гузашта бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти шӯравиро ба маънии аз байн бурдани пайвандгари наслҳо арзёбӣ мекунанд.

Ғафур Шерматов, таърихдони тоҷик аз нафароне унвон мешавад, ки барои ҳифзи биноҳои таърихии Душанбе талошҳое ба харҷ медиҳад. Ба гуфтаи Ғафур Шерматов, қалбаш аз тахриби ин бинои таърихӣ реш-реш мешавад. Ба гуфтаи ин муаррих, сиёсатмадорони саршиноси дунё ва шахсиятҳои маъруфи замон меҳмони ин бино будаанд. Қарорҳои тақдирсоз барои рушди Тоҷикистон низ дар ҳамин бино гирифта шудааст. Ба ин далел, ба гуфтаи ӯ, акси ин ҳунари меъморӣ дар пули миллӣ ҷой дода шуд.

Ин бино соли 1957 аз рӯйи лоиҳаи меъмор Стефан Анисимов бунёд шудааст. Дар солҳои 80-уми қарни гузашта дар паҳлӯи он як бинои иловагӣ сохта шуд, ки дар он феълан идораи шаҳрдории Душанбе воқеъ аст ва он тахриб намешавад.

Қарор аст, дар ҷойи бинои тахрибшавандаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави баландошёнаи Ҳукумати кишвар сохта шавад. Ба хотири сохтмони бинои нави ҳукуматӣ ва бинои нави порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Чин ҳудуди 220 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт ихтисос додааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон