Фаъолони туркман зидди сиёсати Туркманистон дар Вашингтон эътироз мекунанд

Тазоҳуроти зодагони Туркманистон дар Ню-Йорк.
Тазоҳуроти зодагони Туркманистон дар Ню-Йорк.

Шаҳрвандони Туркманистон, ки дар ИМА қарор доранд, зидди ҳукумати кишварашон эътироз мекунанд.

Гуруҳе аз фаъолони туркман гуфтанд, рӯзи 29 июл дар шаҳри Вашингтони ИМА якбора се эътироз ташкил хоҳанд кард. Ба гуфтаи ташаббускорон, гирдиҳамоии аввал назди бинои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, гирдиҳамоии дувум назди бинои Конгресси ИМА ва гирдиҳамоии охирин назди бинои сафорати Туркманистон дар ИМА баргузор хоҳад шуд.

Эътирозгарон ба намояндагии СҶТ, мақомоти ИМА ва сафорати Туркманистон дар ИМА муроҷиат хоҳанд кард.

"Суолҳо хеле зиёданд. Ҳадди ақал дар бораи вазъи коронавирус дар кишвар ба мо иттилоъ диҳанд. Чаро онҳо мавҷудияти коронавирусро инкор мекунанд?", - гуфт Олга Чориева, яке аз ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ.

Туркманистон аз камтарин кишварҳои дунёст, ки то кунун мавҷудияти вируси коронаро дар кишвар инкор мекунад. Инкоре, ки шакку шубҳаи ҳам сокинон ва ҳам нозиронро зиёд кардааст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон