расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ғорат намудани телефонҳои мобилӣ

. / Ҳаводис

Ғорат намудани телефонҳои мобилӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми декабри соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт қарор доштанаш ӯро ҷавони 25-сола ва марди 36-солаи сокинони ҳамин ноҳия лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-7»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 800-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 10-уми декабри соли 2020, тахминан соати 17:00, дар хонаи истиқоматиии зани 47-солаи сокини шаҳри Бӯстон ҳамчун меҳмон қарор дошта, бо роҳи зӯроварӣ аз ӯ 3-адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Нокиа-6230", "Нокиа-1112" ва "Самсунг-Дуос”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 650-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.