расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сархаму сарболо: савганди аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба Президент

. / Сиёсат

Сархаму сарболо: савганди аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба Президент

Ин маросим имрӯз баргузор шуд.

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз аъзои нави Ҳукумати Тоҷикистон баъди таъйид шудан аз сӯйи вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон савганд ёд карданд. 
Дар Тоҷикистон мутобиқи моддаи 73 Қонуни Асосии кишвар ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва таъйид шуданашон аз сӯйи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон бо нашри аксҳое аз ин маросим менависад, ки "аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд".
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони Кумитаи давлатӣ иборат аст. Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.












Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон1/22

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.