Русия ва БОҶ ба Тоҷикистон 180 тонна равған доданд
Дар доираи барнома то охири сол боз 123 тонна равған оварда мешавад.
Сурат: Аксҳо аз Нозим ҚаландаровБарномаи озуқавории ҷаҳон (БОҶ)-и СММ имрӯз ба Тоҷикистон 180 тонна равғани растанӣ дод. Боз 123 тонна дигар равғани растанӣ то охири соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Кумаки хӯроквории мазкур қисмате аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ мебошад, ки зиёда аз ним миллион хонандагони синфҳи 1-4-уми 2 ҳазор мактабҳои ноҳияҳои деҳоти Тоҷикистонро фаро мегирад. Хонандагони ин мактабҳо бо мусоидати БОҶ ва Русия бо ғизои мунтазам ва солим таъмин карда мешаванд.