расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Умар Кремлев - президенти нави AIBA тоҷик аст?

. / Варзиш

Умар Кремлев - президенти нави AIBA тоҷик аст?

Гуфта мешавад, ӯ барои пинҳон доштани баъзе асрори худ ба насаби занаш гузаштааст.

Умар Кремлев
Сурат: ТАСС
Пас аз президенти нави Анҷумани ҷаҳонии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) интихоб шудани Умар Кремлеви русиягӣ, баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ сари ҳувияти миллати ӯ доғ шуд. Аксарият мегуфтанд, ки ӯ тоҷик ва зодаи Тоҷикистон аст. Аммо бархеи дигар бино ба насаби Кремлев доштани Умар Назарович мегуфтанд, ки шояд тоҷик набошад.
Умар Кремлев дар иҷлосияи ғайринавбатии AIBA, ки рӯзи 12 декабар ба таври онлайн баргузор шуд, пас аз чор даври овоздиҳӣ президенти ин созмон интихоб шуд. Аммо ин хабар дар шабакахои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро  ба бор овард, ки ӯро ба унвони тоҷик табрик намуданд.
Мураббии маъруфи бокси тоҷик Мирзо Шамсиев рӯзи 15-уми декабр ба “Азия Плюс”  гуфт, ки Умар Кремлев зодаи Тоҷикистон мебошад ва ҳамаи мураббиёни Русия ӯро тоҷик мешиносанд. “Зимни мулоқот мураббиёни Русия ба мо мегуфтанд ки ӯ тоҷик мебошад. Ӯ пас аз зан гирифтан фамилияи худро аз Лутфуллоев ба Кремлёв иваз кард”,- мегӯяд Шамсиев.
Аммо дар тамоми расонаҳои русӣ ва ҳатто дар “Викпедия” дар шарҳи ҳоли Умар Кремлев дар ҳеч куҷое гуфта нашудааст, ки ӯ тоҷик аст ё зодаи Тоҷикистон. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ӯ соли 1982 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав таваллуд шудааст.
Мирзо Шамсиев мегӯяд, ки мо ҳамин моҳ ба Маскав сафар дорем ва қарор аст бо Умар Кремлев дидор кунем ва бори дигар ин суолро аз худи ӯ мепурсем.
Дар бархе аз расонаҳои русӣ овардаанд, ки замони таваллуд ному насаби ӯ Лутфуллоев Умар Назарович будааст. Аз ҷумлаи пойгоҳи transsibinfo.com дар як матлабе бо номи “Сири Умар Кремлев. “Муштзани асосӣ”-и Русия чӣ чизеро пинҳон мекунад?” ба ин ишора мекунад. “Гап сари ин аст, ки Умар бо насаби занаш зиндагӣ мекунад. Ҳангоми таваллуд ӯ насаби Лутфуллоевро дошт”,-менависад ин пойгоҳ.
Кремлев раванди интихоботи онлайнии президенти AIBA-ро тамошо мекунад
Ҳамчунин Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик низ ба “Азия-плюс” гуфт, ки дар Русия масъулони соҳаи бокс зимни мулоқот ба мо ҳамеша мегуфтанд, ки Умар Кремлев тоҷик аст.
Бархе аз расонаҳои русӣ ба он ишора мекунанд, ки Кремлев барои пинҳон кардани собиқаи кирдори худ, ки гӯё дар гузашта барои ҷиноятҳои гуногун борҳо маҳкум шудааст, ба насаби ҳамсараш гузаштааст.
Умар Кремлев яке аз чеҳраҳои пурнуфуз дар доираҳои тиҷоративу корӣ ва ҳатто маъмурии сатҳи баланди Русия дониста мешавад. Ӯро яке аз тоҷирони пурнуфузи Русия низ медонанд.
Ӯ баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи мақоми президенти AIBA дар саҳифаи фейсбукиш навиштааст ки “Ташаккури зиёд ба роҳбарият барои бовар! Ташаккури зиёд ба ҳамаи федератсияҳои миллӣ! Ман ва тими ман ҳафт рӯз дар як ҳафта 24 соат ба манфиати варзиши дӯстдоштаамон - бокс кор хоҳем кард! Мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, то ягон федератсияи миллӣ бе кумак намонад! Мо кӯшиш мекунем, ки AIBA-ро ҳарчи зудтар ба оилаи олимпӣ баргардонем! Интихоби имрӯзаи ҷомеаи бокс тасдиқи садоқати муштараки мо ба ислоҳоти ҷаҳонӣ мебошад, ки фардо AIBA-ро интизор аст. Боварӣ дорам, ки бо талошҳои муштарак мо метавонем дар муддати кӯтоҳтарин AIBA-ро ба бузургии пешинааш баргардонем! Бокс беҳтарин варзиш аст! AIBA боз ҳам олӣ хоҳад шуд!”.
Умар Кремлев, ки то ин замон котиби генералии Федератсияи бокси Русия ва узви Кумитаи иҷроияи AIBA буд, дар ин интихобот 86 раъй гирифт. Ҳарифони дигараш Борис ван дер Ворст аз Нидерланд ва иҷрокунандаи президенти AIBA Муҳаммад Мустаҳсана аз ӯ раъйи камтар гирифтанд. .
Ван дер Ворст дар даври чорум 45 раъй ва Мустаҳсана 19 раъй гирифтанд. Умар Кремлев, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Конфедератсияи бокси Аврупо низ мебошад, дар мақоми президенти AIBA Мустаҳсанаро иваз мекунад, ки пас аз истеъфои Ғафур Раҳимов (Ғафурбойбача) муваққатан ин вазифаро иҷро мекард.
Октябри 2019. Крмелев ба Путин дасткаши алмосин ҳадя мекунадguberniya.info
Вазифаи асосии Кремлев то Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж мақоми AIBA-ро дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ барқарор кардан аст.
“Барқарор кардани AIBA осон нахоҳад буд. Ин кор дар як соат сурат намегирад, - иброз намудааст Умар Кремлев. – Мо бояд дар муттаҳидӣ ва барои расидан ба як ҳадаф кор кунем: барқарор кардани мақом ва эътиборе, ки замоне дар ақли варзишгарони тамоми ҷаҳон буд ва ин албатта барқарор кардани мақоми олимпии AIBA мебошад”
Кремлев ваъда дода буд, ки агар президент интихоб шавад, қарзи AIBA-ро, ки ҳудуди 20 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо сабаби мудирияти нодуруст эътирофи AIBA-ро муваққатан боз дошт ва мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ бар уҳда гирифт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.