Бародари президент дар Малайзия кушта шуд

Ким Чен Нам, бародари Ким Чен Ин, президенти Кореяи Шимолӣ дар фурудгоҳи шаҳри Куала - Лумпур, пойтахти Малайзия кушта шудааст. 

Ин бародари ҳамхуни Ким Чен Ин бо ҳузури бештараш дар хориҷ ва интиқодҳои тунди оммавии худ зидди низоми ҳоким дар Кореяи Шимолӣ маъруф буд. Ӯ тахминан 45 сол дошт.

Пулиси Малайзия кушта шудани бародари президенти Кореяи Шимолиро тасдиқ кард. Ба гуфтаи пулис, зане дар фурудгоҳ ба назди Ким Чен Нам омада, ба сари ӯ як рӯймолро ҳаво медиҳад, ки бо маводе олуда буд. Дар натиҷаи Ким Чен Нам сӯзишеро дар чашмонаш ҳис карда, дар роҳ ба беморхона ҷон медиҳад.

 Қаблан пулиси Малайзия ба хабаргузории Reuters гуфт, як шаҳрванди номаълуми Кореяи Шимолӣ дар роҳ ба беморхона ҷон дод. Кормандони шуъбаи ёрии таъҷилии Пудраҷ хабар доданд, ки шахси ҳалокшуда тибқи ҳуҷҷатҳояш соли 1970 таваллуд шуда, Ким ном дорад.

Ба иттилои шабакаи телевизиони "TV Chosun"-и Кореяи Ҷанубӣ, Ким Чен Намро гӯё ду зан заҳролуд карданд, ки зоҳиран гумоштаҳои хадамоти махсуси Кореяи Шимолианд. Ким Чен Нам ва Ким Чен Ин писарони Ким Чен Ир, раҳбари пешини Кореяи Шимолӣ буда, модарашон дигар аст.

Ким Чен Нам, яке аз афроди наздик ба шавҳари аммааш Чан Сон Тхэк шумурда мешуд, ки замоне дар ҳукумати Кореяи Шимолӣ шахси дувум буда, соли 2011 бо фармони президенти ин кишвар эъдом гашт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон