СӮХТОР

 

02.07.2020 тахминан соати 15.30-дақиқа дар роҳи нақлиётгарди «Темурмалик-Данғара», воқеъ дар ҷ/д И.Шариф дар трактори тамғаи  «МТЗ-82», р/д 13-13 АТ/03, ки ба ш-нд, Абдураҳмонов Саймурод Давлатмуродович 1957 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Фархор, деҳ.20-солагии Истиқлолият тааллуқ дорад, дар масоҳати 6-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 6500-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор гулони боздории чархҳо (саматормажение) мебошад.

02.07.2020 тахминан соати 09.20-дақиқа дар каҳдонхонаи манзили истиқоматии ш-нд, Одилов Худойбердӣ 1952 с/т, истиқ. ҷ/ш Вахш, кӯч. Б.Марвазӣ х.22 дар масоҳати 15-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 10.700-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор паридани хокистари хомушнашуда аз танур мебошад. Гунаҳгори ҳодисаи сӯхтор ҳамсояи соҳибхона Маҷидова Бозоргул 1961 с/т, мебошад.

 

02.07.2020 тахминан соати 12.40-дақиқа дар хонаи истиқоматии ш-нд, Дониева Насиба Ҳигматовна 1970 с/т, истиқ. ҷ/д Сарикиштӣ, деҳ.Ҳазора  дар масоҳати 40-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 5000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон