Зодагони Ванҷ ба Беморхонаи марказии ноҳия автомашинаи Ёрии таъҷилӣ тақдим карданд

Жители Ванджского района подарили ройонной больнице машину скорой помощи

Гуруҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷ, ки дар доираи як ибтикори шаҳрвандӣ дар давраи коронавируси COVID-19 аз тариқи шабакаи Фейсбук маблағ ҷамъ меоварданд, ба Беморхонаи марказии ноҳия автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ” хариданд

Дар маҷмуъ ин гуруҳ, аз 16 май то кунун барои Беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббии ноҳия ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонидаанд.

Иршод Сулаймонӣ, яке аз масъулони ин ибтикори шаҳрвандӣ гуфт, ки онҳо бо нашри як эълон дар гуруҳи махсусии фейсбукии марбут ба зодагони Ванҷ эълони ҷамъоварии маблағро нашр намуданд.

"Дар давоми ду ҳафта наздик ба 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Баъдан баъзе аз соҳибкорони зодаи ноҳия, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд ба ин ибтикор ҳамроҳ шудаанд.
Аз ҷумлаи хонаводаи маъруфи соҳибкорон Хушаковҳо дар вилояти Твери Русия барои Беморхонаи ноҳия ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ ба маблғи 250 ҳазор рубли русӣ 300 либоси муҳофизатии бисёрмасрафа ва 3 ҳазор ниқоби тиббӣ фиристоданд", - навиштааст вай.

Иршод Сулаймонӣ афзуд, бо ин маблағ як автомашинаи Ёрии таъҷилӣ, мошини ҷомашӯйии худкор, доруҳои зарурие, ки берои таботии коронавирус лозиманд ва дигар маводи тиббӣ хариданд. Ҳамчунин барои бархе аз табибоне, ки ба муолиҷаи беморони машкук ба коронавирус машғул буданд ёрии пулӣ низ расонида шудааст.

Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, ки ин ёриҳоро масъулони ибтикори шаҳрвандӣ шахсан худашон ба Беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳоии тибии ноҳия бурда расонидаанд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200702/1031510011/Zodagoni-Van-ba-Bemorkhonai-markazii-noiya-avtomashinai-rii-tail-tadim-kardand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон