Санаи парвози вижаи "Сомон Эйр" аз Франкфурт ба Душанбе дақиқ шуд

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Урупо ва Амрико ба сар мебаранд, аллакай авохири ин ҳафта метавонанд ба Ватан бозгарданд

Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвози вижаи ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои бозгардонии тоҷикистониён аз Урупо хабар медиҳад.

"Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Америка мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки шаҳрвандони хоҳишманд бояд пешакӣ худро ба қайд гиранд.


"Барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоед", - таъкид кардааст ВКХ ва суроғаю почтаҳои электронии сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Урупо ва Амрикоро дарҷ кардааст.

Read more: https://sputnik-tj.com/transport/20200702/1031508345/Sana-parvoz-vizha-Somon-Eyr-az-Frankfurt-ba-Dushanbe.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон