расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Профессор Машраб Файзуллоев Кумитаи иқтисод ва молияи парлумонро ба роҳбарӣ гирифт

. / Сиёсат

Профессор Машраб Файзуллоев Кумитаи иқтисод ва молияи парлумонро ба роҳбарӣ гирифт

Ӯ муаллифи 4 монография, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ ва 15 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад.


Шӯрои палатаи поёнии парлумон имрӯз, 14 декабр вакили 47-сола Машраб Файзуллоевро ба вазифаи раиси Кумитаи иқтисод ва молия  тасдиқ кард.
Машраб Файзуллоев хатмкардаи риштаи банақшагирии иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 2000-ум дар ДДМ ба номи М. В. Ломоносов рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Особенности инновационной деятельности фирм» ва соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москва рисолаи докториашро дар мавзўи «Формирование и развитие национальной инновационной системы Таджикистан (методологические подходы и механизм управления)» муваффақона ҳимоя намудааст.
То вакил интихоб шудан дар палатаи поёнии парлумон Файзуллоев ба ҳайси декани факултаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон кор мекард.
Машраб ФайзуллоевСурат: rtsu.tj
Дар вазифаи раиси Кумитаи иқтисоду молияи парлумон ӯ Ҳоким Холиқзодаро, ки охири моҳи ноябр раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд, иваз кард.

Машраб Файзуллоев барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2006 буда, давоми солҳои 2006-2009 ба сифати раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистн фаъолият дошт.
Соли 2018 ба ӯ аз рӯйи ихтисоси “Иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ” унвони профессор дода шуд.
Муаллифи 4 монография, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ ва 15 китобу дастурҳои таълимӣ мебошад.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/power/20201214/professor-mashrab-faizulloev-kumitai-itisod-va-moliyai-parlumonro-ba-robar-girift

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.