Сабти 235 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Қирғизистон

Яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкек.
Яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкек.

Дар як рӯзи охир дар Қирғизистон 235 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд. Ба ин тартиб, шумори умумии гирифторони коронавирус дар Қирғизистон ба 4748 расид. Дар ин бора аз ситоби ҷумҳуриявии Қирғизистон иттилоъ доданд.

Теъдоди бештари гирифторони нав дар шаҳри Бишкек -107 ҳолат - сабт шудааст.

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон як гирифтори COVID-19 фавтидааст. Шумори умумии фавтидагон аз ин вирус дар Қирғизистон ба 47 расид.

Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи гузашта дар он кишвар 30 бемор баъди табобат аз бемористон рухсат ёфт. Шумори умумии шифоёфтагон 2242 касро ташкил медиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон