ХЕШИ ҲОҶӢ ҲАЛИМ: ФАРЗИЯИ АЗ “ПЕРЕДОЗИРОВКА” МУРДАНИ МИКОЛ АСОС НАДОРАД

 
25/06/2020

Баъди нашри хабари "Манобеъ: Хеши Ҳоҷӣ Ҳалим аз "передозировка” ҳалок шудааст”, яке аз хешовандони Ҳоҷӣ Ҳалим бо сомонаи "Ахбор” дар тамос шуд ва гуфт, ки онҳо ба фарзияи аз "передозировка” ҷон бохтани хешовандашон Раҳматулло Воҳидов, мулаққаб ба Микол бовар надоранд. Ӯ гуфт, Микол баъди маргаш ташхис нашудааст, вале ҳангоми дафн дар баданаш, аз ҷумла дар қисмати гардан осори варам дида мешуд. Ба бовари хешовандон, Миколро шояд заҳр дода бошанд. Қаблан манобеи сомонаи "Ахбор” аз мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, Раҳматулло Воҳидов, мулаққаб ба Микол, яке аз хешовандони падарии Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки ҷасадашро шаби 18 ба 19 июн аз манзилаш дар кӯчаи Аҳмади Дониш, воқеъ дар гардиши фурудгоҳи Душанбе пайдо карданд, аз истеъмоли миқдори беш аз ҳадди маводи мухаддир (передозировка) ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбатони "Ахбор”, дар бадани Микол ягон аломати марги маҷбурӣ дида намешуд ва ташхиси тиббию судӣ низ нишон дод, ки ӯ аз маводи мухаддир заҳролуд шудааст. Ҷанозаи Миколро рӯзи 19 июн дар зодгоҳаш – деҳаи Ҳоҷӣ Қатаған дар наздикии шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд. Ӯ 50 сол ва се фарзанд дошт.

Яке аз хешовандони наздики Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ба далелҳои амниятӣ намехоҳад номаш гуфта шавад, дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” хабарианҷоми ташхиси тиббию судии Микол баъди маргашро рад кард ва гуфт, "чунин ташхис анҷом нашудааст, ки аз "передозировка” ҷон бохтани вайро исбот кунад.” Ба гуфтаи ӯ, "вақте майитро пеш аз дафн мешустанд, дар баданаш, аз ҷумла дар қисмати гардан чанд варам мушоҳида кардаанд.”

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Микол се дафъа сафари Ҳаҷ карда буд ва иддаои гӯё мӯътоди маводи мухаддир будан ва аз истифодаи беш аз ҳадди маводи мухаддир, яъне "передозировка” ба ҳалокат расидани ӯ боварнокарданист.

Ӯ гуфт, ҳадси хешовандон ин аст, ки Миколро шояд заҳр дода бошанд. Ҳамсуҳбати "Ахбор” ёдовар шуд, ки бародари калонии Микол, мулаққаб ба Иван дар поёни солҳои 90 аз ҷониби Диловари Аҷина, як фармондеҳи бераҳми Фронти халқӣ дар минтақаи Ваҳдат фақат барои он кушта шуд, ки ба мошини Аҷина бепул бензин нарехт.

"Вақте Диловари Аҷинаро билохира ба додгоҳ кашонданд ва бо вуҷуди исбот шудани даст доштани вай дар 27 куштор, аз ҷумла дар қатли Иван, бархе одамони пурнуфуз мехостанд Аҷинаро аз ҷавобгарӣ халос кунанд, Ҳоҷӣ Ҳалим ба тарафи додрас гуфт, агар шумо инро бо вуҷуди 25 одамро куштанаш озод кунед, ман дар ҳамин дари додгоҳ ӯро мепарронам. Ҳомиёни Аҷина баъди ин ақибнишинӣ карданд ва додгоҳ Аҷинаро ҳукми қатл дод”, - нақл кард ин хешованди Ҳоҷӣ Ҳалим.

Қаблан ду манбаи гуногун дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” сарусадоҳо дар бораи кушта шудани Раҳматулло Воҳидов, мулаққаб ба Микол, яке аз хешовандони падарии Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистонро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар бадани Микол ягон аломати марги маҷбурӣ дида намешуд.

Яке аз ин манбаъҳо, ки аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи марги Воҳидов огоҳ мебошад, гуфт: "Он рӯз Микол дар хонааш дар кӯчаи Аҳмади Дониш, воқеъ дар гардиши фурудгоҳи Душанбе танҳо будааст ва дарро ҳам аз дарун бо калиди худаш баста будааст. Ҳамсараш вақте бармегардаду дарро бо калиди худ мекушояд, мебинад, ки шавҳараш алакай ҷон додааст. Дар ҷои ҳодиса ягон аломати ҳузури одамони бегона дар он хона, ё дарро шикаста даромадан ё пинҳонӣ вориди хона шудани нафарони бегона мушоҳида нашуд.Дар баданаш низ ягон аломати марги маҷбурӣ, барои мисол, ягон осори латтукӯб, ё захм, дида нашуд. Натиҷаи ташхиси тиббию судӣ нишон дод, ки Микол аз истеъмоли беш аз ҳадди маводи мухаддир (передозировка) ҷон додааст.”

Рӯзи 19 июн сомонаи "Паём” гузориш дода буд, ки Раҳматулло Воҳидов дар манзилаш дар шаҳри Душанбе эҳтимолан кушта шудааст. Ҷанозаи Миколро рӯзи 19 июн дар зодгоҳаш – деҳаи Ҳоҷӣ Қатаған дар канори шаҳри Ваҳдат ба хок супурданд.

Мақомот сабабҳои марги Миколро то кунун расман шарҳ надодаанд.

Раҳматулло Воҳидов дар гузашта ба воридоти маводи сӯхт машғул буда, чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвориро мечархондааст. Вале баъди саркӯби ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015 чанд муддат дар боздошт қарор дошт ва тиҷоратҳои худро аз даст дод.

Раҳматулло Воҳидов соли 1970 ба дунё омада, се бор издивоҷ кардааст. Ӯ аз ҳамсари аввалаш ду духтар дошт ва ҳамсари сеюмаш билохира барои вай як писар ба дунё овард, ки ҳамагӣ ду сол дорад. Азбаски Микол солҳои зиёд писар надошт, писари як бародарашро ба фарзандӣ гирифта, ба воя расонда буд.

Ҳоҷӣ Ҳалим (Абдуҳалим Назарзода), яке аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 фармондеҳи баталйони 20-уми мураттаб аз размандагони собиқи мухолифин таъйин шуд ва сипас солҳои зиёде дар вазорати мудофиа хидмат карда, соҳиби рутбаи генерал-майор ва мақоми муовини вазири мудофиа шуда буд.

Шаби 4 сентябри соли 2015 Ҳоҷӣ Ҳалим ва тарафдоронаш даст ба исёни мусаллаҳона зада, ба як посгоҳ дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ва ШВКД шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, сипас дар дараи Ромит дар канори шаҳри Ваҳдат сангар гирифтанд.

Амалиёти зидди гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим то 16 сентябр давом кард ва бо кушта шудани ӯву се бародараш ва дар маҷмуъ қариб 70 нафар аз ҳарду тараф анҷом ёфт.

Сабаби даст ба исён задани Ҳоҷӣ Ҳалим номаълум ва ҳамчунон пур аз роз боқӣ мемонад, вале дар пайи саркӯби ин ошӯб мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 200 нафарро бо ҷурми ҳамдастӣ дар исёни мусаллаҳонаи зидди давлат боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

28 сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ) – бузургтарин ҳизби оппозитсионии кишварро низ мамнӯъ карда, онро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карданд. Як иттиҳоми асосии зидди ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим буд. Роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият доранд, даст доштани ин ҳизбро дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб барои мақомот танҳо баҳонае барои амалӣ сохтани нақшаи деринаашон ҷиҳати манъи фаъолияти як ҳизби умдаи мухолифин шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон