КАЙФ КАЙФИ МИНО.... СИТОРАҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМЕЯ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?

Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?! Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?   МИНО: ПУЛ ДОРӢ, ҒАМ НАДОРӢ! - Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред? - Ман пеш аз ин хуб пулҳоямрор ҷамъ карда, ба қавле захира карда монда будам. Аз ҳамон ҳисоб дар хона нишаста, бо он маблағҳо зиндагиамро пеш бурда истодаам. Дар давраи пандимея як чиз маро хуш омад, истироҳат. Бовар кунед, орзу мекардам, ки як соат аз хоб сер гардам, вале инро бинед, ки дар як моҳ чандсола истироҳатамро соҳиб шудам.   - Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед? - Бештар дар хонаам ва карантинро риоя дорам. Аксар касон мегӯянд, ки дар хона нишаста, хароб шудаам, вале ба онҳо мегӯям, ки барои зебоии ҳусн ва баданам ман ҳамеша худро аз фарбеҳшавӣ ҳифз менамоям. - Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед? - Ба онҳо гуфтаниам, ки ноумед фақат шайтон аст ва ин вабову бало рӯзҳои наздик моро раҳо хоҳад кард. P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Шаҳриёр Давлатов дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед. подробнее 

назари худро нависед
canadian pharmacy viagra viagra manufacturers coupon canadian generic viagra
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон