Ҷонибдории Netflix, Nike, Adidas аз эътирозгарони Амрико ба зидди нажодпарастӣ

Ширкатҳои амрикоие, ки дар бахши технология, умури бонкӣ, мӯд ва шоу-бизнес фаъолият мекунанд, бо нашри изҳорот аз эътирозҳо ба марги як марди сиёҳпӯст дар натиҷаи зиёдаравии корманди пулис дар Миннесота ҷонибдорӣ карданд.

Ба иттилои "Садои Амрико", ширкати Netflix дар Твиттер навиштааст, ки ҳимоят аз ҳаққи кормандони сиёҳпӯсташро вазифаи худ медонад. "Хомӯшӣ ба ҳамдастӣ баробар аст", - гуфтааст ширкат.

Дар саҳифаи асосии низоми ҷустуҷӯии Google дар бораи баробарии нажодӣ барои ҳама изҳороте нашр шудааст. Шабакаи иҷтимоии Twitter дар саҳифаи расмии худ хештегеро бо навиштаи "#BlackLivesMatter – "Ҳаёти сиҳёҳпӯстон аҳамият дорад" нашр кардааст.

"Нажодпарастӣ дар ҷомеаи мо сарчашмаи дарду бадрафторӣ боқӣ мемонад", - навиштааст мудири молии Citibank Марк Мэйсон дар блогаш.

Ширкати Target, ки тамоми фурӯшгоҳояш дар саросари Амрико мавриди ғорат қарор гирифтанд, ба ҷонибдорӣ аз эътирозгарон изҳорот додааст. Раҳбари ин ширкат, ки қароргоҳаш дар Миннеаполис аст, гуфт, марги Ҷорҷ Флойд "косаи сабреро шикаст, ки солҳо боз лабрез шуда буд".

Ширкати Nike ба ҷонибдорӣ аз эътирозгарон дар Твиттер видеоеро бо навиштаи зерин нашр кардааст: "Ба нажодпарастӣ чашм напӯшед. Ба гирифтани ҷони бегуноҳон тан надиҳед". Раиқиби Nike -- ширкати Adidas ин навиштаҳоро бознашр кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон