расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Мирлан Бакиров гуфт, сафири ИМА ба умури дохилии Қирғизистон дахолат мекунад

. / Ҷаҳон

Мирлан Бакиров гуфт, сафири ИМА ба умури дохилии Қирғизистон дахолат мекунад

Мирлан Бакиров, муовини раиси порлумони Қирғизистон.

Муовини раиси порлумон ва раиси Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" Мирлан Бакиров 10 декабр дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, ки сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу ба умури дохилии ин кишвар дахолат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дипломати амрикоӣ изҳоротҳое медиҳад, ки метавонанд ба рафти тафтишот ва додгоҳҳо таъсир расонанд.
"Нигоҳи ин шахс ҳамчун нигоҳи тамоми кишвар дониста мешавад. Дар Конвенсияи Вена, ки кори дипломатҳоро ба танзим медарорад ва Қирғизистон аз соли 1994 узви он аст, равшан гуфта шудааст: дипломатҳо набояд ба умури дохилдии кишваре дахолат кунанд, ки дар он қарор доранд. Ӯ ҳизбро ном гирифта, мегӯяд, ки намедонад он аз куҷо пайдо шудааст. Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" соли 2015 таъсис ёфта, то ба ҳол дар интихоботҳои маҳаллӣ иштирок мекунад ва ба пешрафтҳое ҳам ноил шудааст", - изҳор дошт Бакиров.
Вай афзуд, ки дар робита ба қазияи берун бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон комиссияи порлумонӣ ташкил шуда буд ва аъзои он қонуншиканиеро пайдо накарданд. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна изҳоротҳои дипломатон кори порлумонро зери суол қарор медиҳанд.
Вале Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 17 октябр аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҳолатҳои фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки ин кишвар хабар дода буд. Дар доираи ин парванда Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки қирғизистон боздошт ва бозпурсӣ шуд.
Матраимов ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки ин кишварро ба ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз мақомоти гумрук айбдор мекунанд, ки ба буҷаи давлат дар ҳаҷми махсусан калон зарар расондааст. Матраимов ҳангоми бозпурсӣ ваъда кардааст, ки зарари расонидаро дар ҳаҷми наздики 24 миллион доллар барқарор хоҳад кард.
Вазорати молияи Қирғизистон чанде пеш хабар дода буд, ки Раимбек Матраимов аз 2 миллиард сом ($23,6 млн)-и ваъдагӣ то 9 декабр 733 млн сом ($8,6 млн) ба буҷаи давлати ин кишвар пардохт кардааст.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.
Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.