ШАРҲИ ВКД ДАР БОРАИ САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ШОҲМАНСУР ВА ЁВОН

Абдураҳмон Алиев (аз чап) ва Суннатуллоҳ Назаров

Соати чори субҳи 27 май бар асари ба бетони канори роҳ бархӯрдани мошини "Мерседес” дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ду мусофири 19-сола Абдураҳмон Алиев ва Суннатулло Назаров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин Абумутолиб Абдуалимов ва мусофири дигар Мавлавӣ Сиддиқов, ки низ 19-солӣ доранд, ҷароҳат бардоштаанд. Манобеи сомонаи "Ахбор" қаблан хабар доданд, ки ин 4 нафар ҳама аз деҳаи Ҳазрати Мавлонои ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Шоми 26 май, як мошини БМВ дар Ёвон пиёдагарди 17-сола Зулфиқор Азизовро пахш карда, сипас ба дарахт бархӯрдааст. Ноболиғ дар беморхона ҷон додааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 

Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

 

Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "БМВ-320” Холмуродов Қурбоналӣ Сафарович, соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, пиёдагарди ноболиғ, Азизов Зулфиқор Тағоймуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкурро пахш карда, баъдан ба дарахти дар канори чапи роҳ буда бармехурад.

Дар натиҷа ноболиғ Азизов З.Т ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст, худи ронанда Холмуродов Қ.С. аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, санаи 27-уми майи соли 2020, тахминан соати 04:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседеc-Бенс”, Абдуалимов Абумутолиб Беҳрузович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти маҳаллаи Ховарон рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №1 кӯчаи Зебуниссо аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Алиев Абдураҳмон Асланбекович, соли таваллудаш 2001, Назаров Сунатулло Муҳаммадович, соли таваллудаш 2001, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи мазкур Абдуалимов А.Б. ва Сидиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

 

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки мохи январи соли 2018, дар маҳаллаи Т.Шарқӣ 3-юм гузаргоҳ зани 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада барои тиҷорат аз ӯ маблағи пули 46 ҳазор доллари амрикоирро гирифта то ҳол барнагардонидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон