расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳавопаймоҳои дар Хуҷанд фурудомада ба Душанбе парвоз карданд

. / Ҳаводис

Ҳавопаймоҳои дар Хуҷанд фурудомада ба Душанбе парвоз карданд

Инҳо се ҳавопаймое буданд, ки бинобар туман бар фарози Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дода буданд.

Сурат: Asia-Plus
Ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр", ки ба далели туман бар фарози Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дода буданд, дубора ба Душанбе парвоз карданд. 
Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" Ҳалим Ҷӯраев аз фурудгоҳи Хуҷанд хабар дод. Ба иттилои хабарнигори мо ҳар се ҳавопаймо аз соати 12.20 то 12.50 ба Душанбе парвоз карданд. 
Ин се ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр буданд, ки аз хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Маскав-Душанбе ва Сургут-Душанбе бояд ба Душанбе мерасиданд. Ба иттилои манбаъи мо, дар ҳар се ҳавопаймо 489 мусофир қарор дошт.
Хатсайри Новосибирск-Душанбе соати 3:40, Маскав-Душанбе 6:28 ва Сургут-Душанбе соати 7:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом додаанд.
Айни замон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд. “Сомон эйр” ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия панҷ парвоз ба Душанбе анҷом медиҳад. Ду ширкати Русия “Уралские авиалинии” ва “Ют Эйр” аз Тоҷикистон ба Русия мусофир мебаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.