ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 3100 РАСИД

 

Бино ба иттилои расмии вазорати тандурустӣ, то соати 19:00 дақиқаи 25 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд ва 46 нафар вафот кардааст.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, то 25 май дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи https://kvtj.info/ алакай 349 қурбонии коронавирус ва пневмония дар Тоҷикистонро рӯйхат кардаанд. 57 нафар аз фавтидагон табибон мебошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон