ЭҲТИМОЛИ БА КОРОНАВИРУС ГИРИФТОР ШУДАНИ 70 ТОҶИКИСТОНИЕ, КИ АЗ ТУРКИЯ ОВАРДА ШУДАНД

 

Манбаи хабаргузории русии «Спутник Тоҷикистон» хабар додаанд, ки 70 мусофири тоҷики аз Туркия овардашуда эҳтимолан гирифтори коронавирус ҳастанд. Ташхис вуҷуди коронавирус дар бадани 2 нафарро дақиқ кардааст ва 68 нафари дигар, ки бо ин ду нафари гирифтор тамос доштанд, дубора аз ташхис хоҳанд гузашт. "Ҳолати ду нафар сабук арзёбӣ мешавад ва аз боқимондагон тести дубора гирифта шудааст, ки то чанд муддати дигар дақиқ хоҳад шуд”, - гуфтааст манбаи «Спутник». 194 шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 23 май бо як парвози махсус аз Туркия оварданд.

Дар рӯзҳои охир ҳамин тавр, 30 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Украина ва беш аз 400 нафарро аз Маскав оварданд. Дар ин ҳафта бояд бо ду парвоз шаҳрвандони тоҷики дармондаро аз Дубай ва бо як ҳавопаймои махсус 65 тоҷики ихроҷшударо рӯзи 26 май аз Екатеринбург меоранд.

Оҷил: 2 ҳолати мусбат ва 70 ҳолати машкук дар миёни мусофирони аз Туркия омада

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз эҳтимоли гирифтории ҳудуди 70 мусофири хатсайри Истамбул – Душанбе ба "вируси корона” хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik.Бино ба ин манобеъ, санҷиши 2 нафар мусбат баромада, ҳудуди 70 нафаре, ки бо онҳо тамос доштанд ва эҳтимоли сироят шуданашон мавҷуд аст, таҳти муроқибат гирифта шудаанд.

"Ҳолати ду нафар сабук арзёбӣ мешавад ва аз боқимондагон тести дубора гирифта шудааст, ки то чанд муддати дигар дақиқ хоҳад шуд”, - гуфт ин манбаъ.

Қаблан вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки субҳи шанбеи гузашта, 23 май, 194 шаҳрванди ин кишвар, ки дар Туркия тайи ду моҳи ахир дар монда буданд, бо як парвози ширкати "Turkish Airlines” ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Ин мусофирон аз 18 март ба ин сӯ дар Истанбул банд монда буданд. Онҳо дар истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, қарантина шуда буданд.

"Қарор буд имрӯз ҳамаро рухсат кунанд, аммо ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба "вируси корона” зарурати дигарбора санҷидани мусофиронро ба вуҷуд овард”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бино ба ин манбаъ, дар миёни мусофирини аз Туркия омада, афроди калонсол ва онҳое, ки ҷиҳати тадовӣ ба Туркия рафта буданд, низ ҳузур доранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон