COVID-19. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо гирифторони бемории коронавирус суҳбати телефонӣ анҷом дод

Шоми 21 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз марказҳои  саломатии № 9, 10 ва 14-и пойтахт боздид намуда,  бо якчанд бемороне, ки дар рӯйхати марказҳои саломатии мазкур  қарор дошта, дар хонаҳояшон табобат мегирифтанд,   суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар суҳбати телефонӣ беморон ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои он ки худ шахсан ба онҳо занг зада, аз вазъи саломатияшон пурсон шуд, изҳори сипос намуда, зикр намуданд, ки аз ҷониби табибони марказҳои саломатӣ ба онҳо сари вақт хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои пойтахт аз наздик шинос шудан гаштҳои шабона роҳандозӣ намуда,  бо масъулини марказҳои саломатӣ  масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморон ва марказҳои мазкур бо маводи тиббӣ,  назорати беморони дар хона табобатгиранда ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон