Рӯзҳои 24 то 27 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯйӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи воридшавии ҳавои гарму хушк аз самти давлатҳои Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Арабистон дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, ҳарорати баландтарини ҳаво дар вилояти Хатлон +35+400 гарм ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +420 гарм дар назар аст

Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ҳарорат каме пасттар - то 32+370 гарм мешавад.

Зикр мегардад, ки дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳарорати баландтарини рӯзонаи ҳаво дар ҳудуди 25+300 гарм ва дар ноҳияи Дарвоз то +340 гармӣ пешгӯйӣ мешавад.

Инчунин шарҳ дода мешавад, ки баландшавии ҳарорати ҳаво бо баромад ба минтақаи бидуни фишори паст ва антисиклонҳои баландкӯҳии гарм вобаста аст

Ёдрас мекунем, ки Иди Рамазон дар Тоҷикистон имсол рӯзи якшанбе, 24 май ҷашн гирифта мешавад.