Дар Туркманистон ҳосили гандумро низомиён нигаҳбонӣ мекунанд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон барои нигаҳдории ҳосили гандум дар мавсими ҷамъоварӣ гуруҳи махсусеро аз ҳисоби кормандони вазоратҳои умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва мудофиа омода доранд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, мақомоти Лебап нигаронанд, ки бо наздик шудани мавсими ҷамъоварии ҳосили гандум ҳолатҳои дуздӣ дар саҳроҳо афзоиш меёбад.

"Дар ноҳияҳои Керкӣ ва Хоҷамбаз барои муҳофизати ҳосили гандум гуруҳи махсусеро аз ҳисоби кормандони пулис, амният ва низомиён омода мекунанд", - иттилоъ дод хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот баъди афзоиши ҳолатҳои дуздии меваву сабзавоти сокинони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳосили гандумро нигаҳбонӣ кунанд.

"Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияҳои Керкӣ ва Койтендаг ҳолатҳои зиёди дуздии меваву сабзавоти кишоварзон дар саҳроҳо ба қайд гирифта шудааст ва ин чиз мақомотро нигарон кардааст", - изҳор дошт хабарнигор.

Дар Туркманистон мавсими ҷамъоварии ҳосили гандум одатан дар моҳи июн оғоз мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон