Ҳинд гуфт, шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон бармегардонад

Ҳинд ба бозгардонидани ҳазорон шаҳрвандаш аз хориҷ машғул аст.
Ҳинд ба бозгардонидани ҳазорон шаҳрвандаш аз хориҷ машғул аст.

Вираҷ Сингҳ, сафири Ҳиндустон гуфтааст, қарор аст, ду ҳавопаймо охири моҳи май якуним ҳазор шаҳрванди ин кишварро аз Тоҷикистон баргардонанд. Вираҷ Сингҳ рӯзи 20-уми май ба вебсайти хабарии wionews дар Ҳинд гуфтааст, ки “Айни замон ширкати ҳавопаймоии Индиа Эйр ду парвози махсус аз Деҳлӣ ба Душанберо дар рӯзҳои 27 ва 28-уми май барномарезӣ кардааст.”

Ба қавли сафир дар Тоҷикистон 1500 шаҳрванди Ҳинд зиндагӣ мекунанд ва тақрибан 1300 нафарашон донишҷӯ ҳастанд. Дар шаҳри Деҳлӣ низ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби қатъи парвозҳо дармондаанд ва маълум нест, мувофиқае барои овардани онҳо ба Душанбе ҳосил шудааст, ё не.

Шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан барои муолиҷа ва тиҷорат ба Ҳинд мераванд. Баъди густариши коронавируси нав дар саросари ҷаҳон ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо, давлати Ҳинд эълон кард, ки бо ташкили парвозҳои махсус даҳҳо ҳазор шаҳрвандашро аз хориҷ, бахусус кишварҳои Ховари Миёна бармегардонад ва ин кор ҳоло ҳам идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон