расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МОДАРИ ИН ТИФЛИ ХУШБАХТ КИСТ?

. / Ҷомеа

МОДАРИ ИН ТИФЛИ ХУШБАХТ КИСТ?

Писари шоҳсутугни санъати тоҷик Ҷӯрабеки Мурод, ҳунармарди ҷавону пуровоза Ҷонибек Муродов соҳиби духтарчаи нозанини фатиламӯй гашт. Ин тифлаки хушпою қадам, санаи 9-уми декабр дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст.
Ҷонибек Муродов дар саҳифаи Инстаграмми хеш ба мухлисонаш аз тавллиди ин тифлаки накӯпай хабар додааст. Аксу видеоҳое, ки ин сарояндаи машҳур гузоштааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Ҷонибек аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад. Вай хонаю мошинҳоро бо завқи баланд ороиш дода, аз таваллудхона ба хона баргаштани зану фарзандашро бесаброна интизорӣ мекашад. Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи муваффақи тоҷик, ки айни ҳол дар Русия қарор дорад, дар яке аз постҳои инстаграмаш гуфтааст, ки мехоҳад барои “Зулайхо Муродова” тӯҳфаи махсус харидорӣ кунад. Маълум мешавад, ки Ҷонибек духтари нозанинашро Зулайхо ном гузоштааст. Сабаби фарзандашро маҳз Зулайхо ном ниҳодани Ҷонибек Мурдов эҳтиром ва муҳаббаташ ба Зулайхост ё чизи дигар, маълум нест. Дар бораи кӣ будани модари тифлак низ маълумот дода нашудааст. Мо Ҷонибекро бо тавлиди гулдухтари фариштахисл муборакбод гуфта, ба тифлаки навзод умри дарозу пурбаракат хоҳонем.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.