ОШӮБ ДАР КАРАНТИН (ВИДЕО)

 ОШӮБ ДАР КАРАНТИН (ВИДЕО)

 Рӯзи 18 май дар як нуқтаи карантин дар пойгоҳи ҳавоии Гансии Қирғизистон садҳо муҳоҷире, ки рӯзи 7 май аз вилояти Оренбурги Русия оварда шуданд, ошӯб бардоштаанд. Муҳоҷирон талаб кардаанд, ки онҳоро аз карантин ҷавоб диҳанд. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки муҳоҷирон режими изолятсияро вайрон карда, бо кормандони милиса ҷанҷол мекунанд. Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 7 май 541 шаҳрвандашро, ки дар вилояти Оренбург дар марзи Русия бо Қазоқистон дармонда буданд, баргардонд. Онҳоро дар фурудгоҳи Ганси таҳти карантин қарор доданд.

Бо муҳоҷирони норозӣ муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбаев мулоқот кард. Ӯ ваъда додааст, ки муҳоҷиронеро, ки ташхиси коронавирусашон тоза баромад, сар аз 19 май ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд. Аммо 19 нафаре, ки бо шахсони гирифтори коронавирус тамос доштанд, дар карантин боқӣ хоҳанд монд.

Ин 541 муҳоҷир бояд ду ҳафта, яъне то 21 май дар карантин боқӣ мемонданд.

Матлаби пурра инҷост:

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон