МАРГИ ҲАМСАРИ ГЕНЕРАЛ САЙДАЛИЗОДА ВА СЕ НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС

 МАРГИ ҲАМСАРИ ГЕНЕРАЛ САЙДАЛИЗОДА ВА СЕ НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС

 Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 19 май дар кишвар 207 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии гирифторон ба 1936 нафар расидааст. Вазорат гуфт, рӯзи 19 май дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави марги беморон аз коронавирус сабт нашудааст ва шумораи умумии фавтидагон 41 нафар боқӣ мемонад.

Ин дар ҳолест, ки сомонаи "Ахбор” рӯзи 19 май дар бораи даргузашти боз дастикам 5 нафар аз коронавирус, аз ҷумла аз марги ду табиб гузоришҳо ба даст овард.

Қорӣ Баҳриддин, як қории маъруфи Қуръонро, ки шаби 19 май дар бемористони Ҳисор даргузашт, соати 11-и 19 май дар деҳаи Ҷорӯбсой ба хок супурданд.

Соати даҳи шаби 18 ба 19 май Раҷабмоҳ ном табиби поликлиникаи Ёвон низ ба иллати коронавирус аз олам чашм пӯшид.

Субҳи 19 май табиби машҳури УЗИ аз Кӯлоб Зикриё Рӯзиев қурбони коронавирус шуд. Зикриёё Рӯзиев як табиби машҳур дар Кӯлоб ба шумор мерафт.

Субҳи 19 май дар оромгоҳи Сариосиё ҳамсари генерал-майор Сайдализода Сӯҳроб Қурбон, собиқ сардори раёсати Агентии мубориза бо коррупсия ва собиқ муовини сардори Хадамоти гумрукро ба хок супурданд. Генерал Сайдализода ҳамроҳи ҳамсараш дар беморхонаи Қарияи Боло аз коронавирус табобат мегирифт. Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, генерал Сайдализода то ҳол дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Сӯҳроб Сайдализода аз ёрони наздики Абдулфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), раҳбари собиқи Агентии зидди коррупсия ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд. Вақте Абдулфаттоҳи Ғоиб дар соли 2015 мақоми раҳбарии Агентии мубориза бо коррупсияро ба Рустами Эмомалӣ супурда, худаш ба ҷои писари президент сардори Хадамоти гумрук таъйин шуд, як гуруҳ аз ёрони содиқашро ҳамроҳи худ аз Агентӣ ба гумрук бурд, ки якеи онҳо Сайдализода буд.

Моҳи январи соли 2018, вақте президент Абдулфаттоҳи Ғоибро аз сардории Хадамоти гумрук барканор кард, ҳамроҳи ӯ чанд нафар аз аъзои командааш, аз ҷумла генерал Сайдализодаро низ дар ҷаласаи ҳукумат аз кор ҷавоб дод.

Ҳамин тавр, рӯзи 19 май дар Душанбе овозхони шинохта Хуршед Алидодов дар синни 84 ба зиндагӣ падруд гуфт. Духтараш Ширинмоҳ Ниҳолова ба радиои Озодӣ гуфт, ки падараш баъди як микроинсулт аз по афтод ва "ҳистаҳиста пажмурда шуда рафтандҲамсарашон пизишк аст ва нигоҳубин мекардМо ҳама дар ҳамин ҷо будемЧанд рӯзи охир вазнин шуданд. Рафта меомадем ва ногаҳон имрӯз даргузаштанд.

Ширинмоҳ Ниҳолова афзудмарги нобаҳангоми ду фарзанд (як духтару як писарба саломатӣ ва рӯҳияи Хуршеди Алидод таъсири бад гузоштаастМақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2009 хабар дода будандНасиба, духтари 28-солаи Хуршеди Алидод дар шароити мармуз кушта шуд. "Фарзандонашонро, ки аз даст доданд, миёнашон хам шуд”, - мегӯяд Ширинмоҳ Ниҳолова.

Ин овозхон ва рақсандаи маъруфи ансамбли "Зебо” гуфт: "Падари боҳунарамхушрӯям ва қоматбаландам… Мофарзандон, фақат бо номи он кас фахр мекардемПадари суханварамБисёр бо забони шевои форсӣ гап мезадандЗеби саҳна буданд".

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст ва дар соли 1958, замоне ки 20 сол дошттарки зодгоҳ кардабарои ҳамеша Тоҷикистонро ватан ихтиёр намуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон