ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ ҚОРӢ БАҲРИДДИН ДАР ҲИСОР

 ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ ҚОРӢ БАҲРИДДИН ДАР ҲИСОР

 Бо вуҷуди ҳушдори мақомот барои худдорӣ аз таҷаммӯи мардуми зиёд дар маросими дафни қурбониёни коронавирус, рӯзи 19 май даҳҳо нафар аз муридону мухлисони Қорӣ Баҳриддин дар маросими дафни ин қории маъруфи "Қуръон” дар қабристоне дар наздикии Қалъаи Ҳисор иштирок кардаанд. Қорӣ Баҳриддин, ки ду ҳафта дар бемористони Ҳисор таҳти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) қарор дошт, шаби 19 май вафот кард.

Дар маросими дафни ӯ, тавре аз видеои ба сомонаи "Ахбор” ирсолшуда дида мешавад, даҳҳо нафар иштирок карда ва дар марги ин рӯҳонии маъруф ашк рехтаанд.

ВИДЕОИ МАРОСИМИ ДАФНИ ҚОРӢ БАҲРИДДИН ДАР ҲИСОР

 
20/05/2020

Бо вуҷуди ҳушдори мақомот барои худдорӣ аз таҷаммӯи мардуми зиёд дар маросими дафни қурбониёни коронавирус, рӯзи 19 май даҳҳо нафар аз муридону мухлисони Қорӣ Баҳриддин дар маросими дафни ин қории маъруфи "Қуръон” дар қабристоне дар наздикии Қалъаи Ҳисор иштирок кардаанд. Қорӣ Баҳриддин, ки ду ҳафта дар бемористони Ҳисор таҳти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) қарор дошт, шаби 19 май вафот кард.

Дар маросими дафни ӯ, тавре аз видеои ба сомонаи "Ахбор” ирсолшуда дида мешавад, даҳҳо нафар иштирок карда ва дар марги ин рӯҳонии маъруф ашк рехтаанд.

Дар байни 8 рӯзи охир аз сулолаи Эшонҳои Нилкон Қорӣ Баҳриддин инак нафари чорум аст, ки қурбони коронавирус шуд.

Рӯзи 10 май дар зодгоҳи онҳо – деҳаи Нилкон – бародари калониашон Эшони Шамсиддин аз бемории коронавирус ҷон бохт. Рӯзи 12 май дар мазори Ғозиён дар канори Қалъаи Ҳисор бо иштироки теъдоди хеле маҳдуди ҷанозахонҳо бародари дигараш Эшони Наҷмиддинро, ки дар деҳаи Ҷорӯбсойи Ҳисор зиндагӣ мекард, ба хок супурданд. Рӯзи 18 май Эшони Тоҷиддин, писари Эшони Шамсиддин низ ба зиндагӣ падруд гуфт. Ва рӯзи 19 май Қорӣ Баҳриддин, машҳуртарин намояндаи сулолаи Эшонҳои Нилкон аз олам чашм пӯшид.

Қорӣ Баҳриддин зодаи деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ буда, солҳои зиёде дар Ҳисор зиндагӣ мекард. Ӯ аз қориёни хеле маъруф дар водии Ҳисор ва аз ёрони наздики Қорӣ Суннатулло, фарзанди Домулло Шариф, як рӯҳонии шуҳратёри асри 20 ба шумор мерафт.

Ба Қорӣ Баҳриддин ва Қорӣ Суннатулло роҳбарони аввали Тоҷикистон низ арҷ мегузоштанд ва президент Эмомалӣ Раҳмон, моҳи декабри соли 2008, вақте ба зиёрати қабри бародари дар солҳои 50, дар вақти аскарӣ фавтидааш ба вилояти Лвови Украина рафт, барои дуохонӣ дар сари мазори бародараш ҳамин ду рӯҳониро бо худ ҳамроҳ бурда буд.

Қорӣ Баҳриддин дар ҳоле тарки ин дунё кард, ки аз марги ду бародар ва бародарзодааш хабар надошт. Дар рӯзҳое ки Эшони Шамсиддин, Эшони Наҷмиддин ва Эшони Тоҷиддин тарки дунё карданд, Қорӣ Баҳриддин дар бемористон таҳти дастгоҳи нафаскашии сунъӣ бо коронавирус мубориза мебурд.

Ин бемории сархӯр ҳамчунин ду писару келинҳои Қорӣ Баҳриддин, писархонду келини Эшони Наҷмиддин ва ва чанд узви дигари ин хонаводаи обрӯимандро аз пой афтондааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон