HRW: "Пинҳонкорӣ дар бораи COVID-19 сиҳатии шаҳрвандонро зери хатар мегузорад"


Акс аз як бемористони Эрон
Акс аз як бемористони Эрон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ҳукуматҳои Осиёи Марказиро танқид кард, ки ҳангоми муқобила бо пандемияи коронавирус ба ҳуқуқи шаҳрвандон эҳтиром намегузоранд.

Созмон рӯзи 23-юми апрел дар изҳороте гуфт, дар ҳоле ки ҳукуматҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ба хотири кам кардани суръати паҳншавии вирус "иқдомҳои муҳим" гирифтанд, айни замон нисбат ба хабарнигорон, кормандони тиб ва фаъолон маҳдудиятҳоеро ҷорӣ намуданд. Дидбони ҳуқуқи башар ин маҳдудиятҳоро "худсарона ва номутаносиб" хондааст.

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch мегӯяд, "ҳукуматҳои Оcиёи Марказӣ вазифадоранд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба саломатӣ ба воситаи дастрасӣ ба хабари дақиқ дар бораи КОВИД-19 таъмин кунанд".

Вай афзуд, "дар ҳолати фавқулода ва ҳолатҳои дигари марбут ба муқобила бо буҳрон дар оянда ҳуқуқи инсон бояд эҳтиром шавад... Онҳо набояд ба журналистон, ходимони тиб ва дигарон, ки дар талоши огоҳ кардани ҷомеа ва ё ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо мебошанд, монеа эҷод кунанд".

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти кишварҳои минтақа тақозо кард, ки "дастрасӣ ба иттилоот таъмин шавад, озору азият хотима ёбад ва аз ҳуқуқи маҳбусон ҳимоят шавад".

Ин созмон мегӯяд, ҳукуматҳои Туркманистон ва Тоҷикистон, "дар талоши хомӯш кардани садои кормандони тиб ва дигарон ҳастанд, ки дар бораи таъсири вирус ба кишвар суҳбат кардан мехоҳанд".

Бино ба ин гузориш, вазъ дар Тоҷикистон ба ҷое расидааст, ки президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай дар номае ба унвонии мақомоти кишвар Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дигарро барои рад кардани дархости посух ба суолҳои марбут ба КОВИД-19 интиқод кард.

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch, 23-юми апрел дар тамоси видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз Берлин гуфт: "Тоҷикистон дар буҳрони коронавирус Конститутсия ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро дар заминаи ҳимоят аз сиҳатии бунёдии шаҳрвандонаш эҳтиром намекунад. Бояд дар миёни аҳолии кишвар фосилагирии иҷтимоӣ ҷорӣ мешуд, ба матбуоти озод иҷозаи фаъолият дода мешуд. Бояд аз ҳуқуқи мардуми осебпазире ба монанди пиронсолон ва онҳое, ки дар ҳабс ҳастанду ҷойи ҳаракаташон маҳдуд аст, ҳимоят мекард."

Ӯ афзуд, боздоштгоҳҳо низ бояд камодам шаванд. "Ба зиндониҳо бояд иҷоза диҳанд, ки зери назорат, аммо берун аз зиндон бошанд. Бояд баррасиҳои порлумонӣ дар заминаи КОВИД-19 сурат гирад. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон бояд дар бораи вирус дар кишвар боз ва ҳақиқатгӯ бошад. Дар чунин давра кишварҳо бояд ҳамкорӣ кунанд - дар доираи Осиёи Марказӣ ва ё фаротар аз он. Тоҷикистон бояд дар чунин давраи муҳим фаъолтар амал кунад", - шарҳ дод Ҳю Виллиамсон.

Масъулони созмони HRW мегӯянд, "пинҳон кардани хабар дар бораи КОВИД-19 дар Тоҷикистону Туркманистон сиҳатии шаҳрвандонро ҷиддан зери хатар қарор медиҳад".

"Ҷое барои шубҳа нест"

Интиқоди созмони Дидбони Ҳуқуқи Башарро дар Тоҷикистон на ҳама дуруст мешуморанд. Сайфулло Сафаров, ки то соле пеш дар мансаби муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон кор мекард, яке аз онҳост. Ӯ рӯзи 23-юми апрел гуфт, Вазорати тандурустӣ иттилои ахирро дар бораи вазъи беҳдоштии кишвар дар ихтиёри ҷомеа ва матбуот қарор додааст ва ба бовари ӯ ҷое барои шубҳа набояд бошад.

“Мардум аз ин хабарҳо истифода мекунанд – баъзеҳо метарсанд, баъзеҳо хурсандӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар мо аҳолӣ ба шабакаҳои хориҷии телевизионӣ, аз ҷумла, “Евронюс” дастрасӣ доранд. Мардум мебинанд, ки дар кишварҳои дигари ҷаҳон ва Тоҷикистон вазъият чӣ гуна аст. Сокинони Тоҷикистон ба воситаи телефонҳои мобилии худ низ аз ҳамаи хабарҳои ҷаҳонӣ огаҳӣ меёбанд. Аслан, тааҷҷуб мекунам, ки ин масъала аз куҷо баромадааст", - гуфт ӯ.

Дар сӯҳбати пешинааш Сафаров вазъи Тоҷикистон ва бархурди мақомот ба бӯҳрони эҳтимолии коронавирусро баёнгари ”ҳимояти давлат аз ҳуқуқи шаҳрвандон” номида, гуфт, шахсан ӯ ҳам бовар дорад, ки дар Тоҷикистон ҳеч мавриди сироятшавиӣ ба коронавирус вуҷуд надорад. Вале ба фарқ аз он замон, коршиносон ба самимияти мақомот дар пахши хабари воқеӣ ва дар асл огоҳкунандаи мардум аз хатари беморӣ чандон бовар надоранд.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки даҳҳо нафар ҳамоно таҳти карантинанд, вале вуҷуди коронавирусро дар кишвар қотеона рад мекунанд. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, агар ҳам мақомот инро барқасдона ва ё махсус пинҳон медоранд, "кори онҳо на ба манфиат, балки ба зарари ҷомеа анҷом мешавад".

"Талх ҳам бошад, ҳақиқат гуфта шавад"

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "ҳақиқат талх ҳам бошад, бояд ба мардум расонида шавад. Агар мардум донанд, пас, имкони худро муҳофизат кардан доранд. Агар накарданд ва бемор шуданд, пас, масъулияташ ба дӯши худашон аст”.

Ӯ афзуд, вақте давлат ин иттилоъро пинҳон мекунад, пас, “мардум гумроҳ мешавад” ва агар мардум эҳтиёт накард, “ҷабри он ва масъулияти он ба гардани ҳукумат меафтад, чун ҳукумат мардумро дидаву дониста ба гирифторшавӣ ба беморӣ тела кард”.

Талоши "пешгирӣ аз воҳима"?

Эдвард Лемон, таҳлилгари умури сиёсии Осиёи Марказӣ дар Вашингтон, мегӯяд, ба набуди коронавирус дар ин кишвар бовар кардан сахт аст, аммо беамалӣ дар чунин вазъият метавонад дар дарозмуддат ба кишвар таъсир расонад. Вай дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тоҷикистон бо бастани марзҳояш аз қабл пешқадам шуд, вале то ҳол ҳеч ҳолати олудашавӣ ба КОВИД-19-ро сабт накардааст. Аз ин рӯ, зиндагиву кор ба таври маъмулӣ пеш меравад. Ҳамарӯза чанд хабар дар бораи бистарӣ шудан ва ё даргузашти одамон бар асари пневмония нашр шуда, аъзои хонаводаҳо таҳти каратин гирифта мешаванд. Онҳое, ки мисли "Озодӣ ва "Ахбор" дар ин бора гузориш медиҳанд, масдуд мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки имкон надорад, дар Тоҷикистон “Ковид” роҳ наёфта бошад ва бидуни маҳдудкунии кишвар ҳукумат паҳншавии вирусро афзоиш медиҳад”.

Ин таҳлилгари амрикоӣ тахмин мекунад, ки эҳтимол чунин амалкарди мақомот дар Тоҷикистон ба хотири “пешгирӣ аз воҳима”, “талоши бештар таъмин кардани васоили ҳифозати шахсӣ” ва аз андешаҳои “таъсири пандемия ба иқтисод, ба вижа аъзои хонаводаҳои элита аст, ки аз он манфиат мебинанд.”

“Вале беамалии онҳо дар дарозмуддат ба кишвар осеб мерасонад ва пандемияро сангинтар мекунад”, - афзуд Эдвард Лемон.

Ӯ мегӯяд, низоми беҳдоштии Тоҷикистон бо буҷаи 280 миллион доллар барои муқобила бо вирус чандон тавонманд нест.

Рӯзи 23-юми апрел оморҳо баёнгари он буд, ки шумори бештари гирифторон ба коронавирус дар Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон буда, ба 2207 баробар шудааст. То ҳол дар ин кишвар 20 нафар аз КОВИД-19 фавтидаанд.

Дар Узбекистон шумори мубталошавӣ ба 1716 ва ҳалокати одамон ба 7 нафар баробар аст. Дар Қирғизистон 631 ҳодисаи олудашавӣ ва 8 ҳодисаи марг сабт шудааст.

Дар Тоҷикистон аз аввали моҳи феврал то кунун беш аз 8 ҳазор нафарро ба карантин гирифтаанд, аммо расман касе ба коронавирус сироят нашудааст. Дар ҳафтаҳои ахир бистарӣ шудан ва фавти пайиҳами чанд нафар аз илтиҳоби шуш ва нигарониҳоро ба вуҷуд овардааст. Мақомот ин вазъиятро маъмулӣ медонанд ва мегӯянд, номусоидии обуҳаво дар рӯзҳои охир шумори гирифторони пневмонияро бештар кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон