расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистону Олмон ҳамкориҳоро дар бахши энергетика мувофиқа карданд

. / Сиёсат

Тоҷикистону Олмон ҳамкориҳоро дар бахши энергетика мувофиқа карданд

Аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳо дар дигар бахшҳо низ таъкид гардид.

Сурат: mfa.tj
Даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 8 декабр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар рафти муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
mfa.tj
“Аҳаммияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, муҳоҷират, тадбирҳои муштарак бар зидди ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим таъкид гардид”, - омадааст дар хабари ВКХ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаббуси минтақавии “Осиёи Марказии Сабз” мубодилаи афкор намуданд.
Ёдрас мекунем, Олмон Тоҷикистонро бо 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ба маблағи 287, 500,00 евро таъмин кард. Дастгоҳҳо дар доираи кумаки молиявии ҳукумати Олмон ба маблағи 1 млн евро таҳвил дода шуданд. Маблағ тариқи Бонки Рушди Олмон (KfW) моҳи марти ҳамин сол дар доираи ҳамкориҳои молиявии Тоҷикистону Олмон ҷудо карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.