расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Суғд барои бениқоб гаштан 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

. / Ҷомеа

Дар Суғд барои бениқоб гаштан 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

1277 бошандаи вилоят барои набастани ниқоб ҷарима баста шудаанд.

Сурат: tojikmatlubot.tj
Дар вилояти Суғд аз оғози ҳамагирии коронавирус то кунун барои набастани ниқоб, ки дастури Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо коронавирус аст сокинонро бештар аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.
Аз тарафаи кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои риоя накардани қоидаи муқовимат бо ҳамагирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, яъне бе ниқоб гаштугузор намудани шаҳрвадон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ нисбат ба 1277 нафар бо қисми 1 моддаи 113-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шудааст. Дар ин бора Фурқат Шарифов ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.
“Ин парвандаҳо аз тарафи мутахассисони Маркази назорати  давлатии санитарию эпидемиологии  шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, нисбати шаҳрвадон ба маблағи умумии 175 ҳазору 642 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Аз ин то имрӯз ҳамагӣ 148 ҳазору 219 сомонӣ ситонида шуда, 27 ҳазору 419 сомонӣ ҷарима боқӣ мондааст“,-афзуд манбаъ.
Аз 1277 нафар  86 танашонро ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, 335 нафарашонро кормандони ошхонаву тарабхонаҳо ва 865 нафарашонро шахсони воқеиро ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои масъулин 349 ҳолат аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳру навоҳии  вилоят дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилоят, 772 ҳолат аз ҷониби ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, 18 ҳолат аз ҷониби Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташакклили ВКД  ҶТ  дар вилоят ва 138 ҳолат аз тарафаи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ошкор карда шудааст. 
Дар Тоҷикистон мутобиқи дастури Ситоди ҷумҳурявии муқовимат ва пешгирии паҳншавии коронавирус аз миёнаҳои моҳи май бастани ниқоб ҳатмӣ шуд ва сар аз 4-уми июли соли 2020, баъди аз сӯйи раисҷумҳур имзо шудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сокинонро барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи қонун аз аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.