расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳисоботи чанде аз раисони шаҳру навоҳӣ ба президент дар бораи ҷамъоварии ҳосил

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Ҳисоботи чанде аз раисони шаҳру навоҳӣ ба президент дар бораи ҷамъоварии ҳосил

Ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дастурҳои мушаххас дода шуд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ, акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 август тариқи телефон ҳисоботи раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Нурободро қабул кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвраи давлат, раисони шаҳру навоҳӣ оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка ва омодагии бахшҳои иқтисоди миллӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, президент ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ барои зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, аз ҳозир омода кардани соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус маорифу тандурустӣ ба давраи зимистон ва таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.