расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Мутахассисони тоҷик ба санҷиши қубури гази Музробод-Душанбе шурӯъ карданд

. / Ҳаводис

Мутахассисони тоҷик ба санҷиши қубури гази Музробод-Душанбе шурӯъ карданд

Таркишҳо дар ду манзил дар ноҳияи Рӯдакӣ ба санҷиш боис шуданд.


Акси марбута
Сурат: CNews
Дар Тоҷикистон ба санҷиши ҳамаҷонибаи шоҳқубури гази Музробод-Душанбе, ки гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо тариқи он интиқол меёбад, оғоз намуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта дар бораи вазъи ин қубур маълумоти нигаронкунанда расид: бо сабаби аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ, ки ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 газ дода мешуд, дар ду манзил дар ноҳия Рӯдакӣ таркиш ба амал омад.
Ба гуфтаи ӯ, муддати тӯлонӣ, ки муносибатҳои Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида буданд, тариқи ин қубур газ ба Тоҷикистон интиқол дода намешуд.
“Дар ин давра баъзе шаҳрвандон мустақиман болои он манзил сохта, шохаҳои алоҳидаи он таъмир намешуданд, ки ба ҳодисаҳои фоҷеабор дар ноҳияи Рӯдакӣ боис гардид”, - қайд кард Юсуфӣ.
Зимнан таъкид шуд, ки санҷиши қбури газ танҳо дар қитъаи Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои ташхиси аз ҷониби КҲФ гузаронида ошкор шуд, ки таркиш дар хонаҳои сокинони деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ бар асари аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ ба амал омадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.