COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 25 ҳазор нафар наздик шуд

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 3388 нафар зиёд шуда, 24 490 нафарро ташкил медиҳадТеъдоди беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат зиёд шудамутаносибан ба 1 986 ва 198 нафар расидДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Шумораи сиротяёфтагон дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина ба 3 764 нафар, Қазоқистон ба 1 275 ва Арманистон ба 1111 нафар расид. Дар дигар кишварҳои Иттиҳод бетағйир боқи монда, дар Беларус – 3 281 нафар, Молдова – 1 934, Озарбойҷон – 1 197, Ӯзбекистон – 1 214 ва Қирғизистон – 449 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1 986 нафар, Озарбойҷон – 351, Арманистон  – 297, Беларус – 203, Қазоқистон – 203, Молдова – 171, Украина — 143, Ӯзбекистон – 99 ва Қирғизистон – 78 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 198 ҳолат, Украина – 108, Молдова – 41, Беларус – 33, Арманистон – 17, Қазоқистон – 15, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 784 нафар расида, 43 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 25 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 4 ҳазору 383 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 126 ҳазору 811 нафар вафот карда, 485 ҳазору 303 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 596 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (614 246 нафар), Испания (174 060), Италия (162 488), Франсия (143 303), Германия (132 210), Британияи Кабир (93 873), Чин (82 295), Эрон (74 877), Туркия (65 111) ва Белгия (31 119) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон