Туркманҳо маҷбуранд, харҷи мубориза бо коронавирусро пардозанд

Ишқобод, Туркманистон. Марти 2020.
Ишқобод, Туркманистон. Марти 2020.

Мақомоти Туркманистон андешидани тадбирҳо барои ошкор кардани мубталоёни коронавирусро идома медиҳанд. Дар тамоми роҳу даромадгоҳи шаҳрҳо, истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарорати сокинон санҷида шуда, дар боғчаву мактабҳо аз кӯдакон барои коронавирус озмоиш мегиранд.

Мақомоти туркман натиҷаҳои озмоишро ҳанӯз ҳам пинҳон мекунанд. Ба ҷуз ин, сокинонро маҷбур менамоянд, ки харҷи мубориза бо коронавирусро пардохт кунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, кормандони пулис вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дастгоҳи ҳароратсанҷро бихаранд. "Ҳар як дастгоҳ 300 манат арзиш дорад. Ҳоло ҳар як корманди пулис бояд дастгоҳи ҳароратсанҷ дошта бошад", - изҳор дошт хабарнигор 14 апрел бо истинод ба як маъмури пулис дар вилояти Лебап.

Ҳамчунин омӯзгорони мактабҳои Ишқобод вазифадор шудаанд, ки барои хариди дору пул ҷамъ кунанд ва донишомӯзон низ аз хонаҳо ба мактаб маҳлули безараргардонӣ мебаранд.

Интизор меравад, маҳдудияти сафар миёни вилоятҳои Туркманистон аз 16-уми апрел камтар шавад. Сокинони ин кишвар дар пайи пурзӯр шудани назорат ҳангоми равуо ва дарёфти иҷозатнома бо мушкилиҳо рӯбарӯ шудаанд.

Дар Туркманистон охирҳои моҳи март қоидаи наве қабул шуд, ки бар асоси он сокинон танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи мубтало набудан ба коронавирус метавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон