Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як зани 53-соларо, ки қасди худкушӣ дошт, аз марг наҷот доданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ин шаҳрванд аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омада, худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст.

“Наҷотбахшон худро ба об заданд ва бонуеро, ки мавҷи Сир қариб буд ба комаш кашад, ба соҳил оварданд, - омадааст дар хабари Кумита. - Ба ӯ аввалин ёрии тиббӣ расонида, ба ҳуш оварданд ва сипас ба бемористони маркази вилоят интиқол доданд”.

Бино ба хабари субҳи имрӯз расида, вазъи саломатии ӯ хуб буда, ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад.

Зикр мешавад, ки ин хонум то ҳол сабаби қасди ҷони худ карданашро шарҳ надодааст.