ОМОРИ COVID-19 ДАР ИДМ. Дар Россия 2774 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор шуда, шумораи онҳо беш аз 21 ҳазор гашт

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 2774 нафар зиёд шуда, 21 102 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин давлат зиёд шуда, мутаносибан ба 1 694 ва 170 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Украина 3 372 ҳолат, Беларус – 3 281, Молдова – 1 712, Қазоқистон – 1 179, Озарбойҷон – 1 148, Арманистон – 1 067, Ӯзбекистон – 1 054 ва Қирғизистон 430 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

Ҳамчунин то имрӯз дар Озарбойҷон 289 нафар, Арманистон  – 265, Беларус – 203, Қазоқистон – 142, Молдова – 134, Украина — 119, Ӯзбекистон – 99 ва Қирғизистон – 71 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Украина 98 ҳолат, Молдова – 36, Беларус – 33, Арманистон – 16, Қазоқистон – 14, Озарбойҷон – 12, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 714 нафар расида, 40 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 23 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 930 ҳазору 223 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 119 ҳазору 813 нафар вафот карда, 453 ҳазору 308 кас шифо ёфтаанд ва 51 ҳазору 156 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (587 173 нафар), Испания (170 099), Италия (159 516), Франсия (136 779), Германия (130 072), Британияи Кабир (88 621), Чин (82 249), Эрон (73 303), Туркия (61 049) ва Белгия (30 589) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон