18 вагон орду маводи тиббӣ: кумаки башардустонаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид

Мешок муки, архивное фото

Барои дастгирии мубориза бо коронавирус ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодааст

 

Имрӯз қатораҳои боркаш бо кумаки башардӯстонаи ҷониби Ӯзбекистон вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, барои дастгирии мубориза бо коронавирус 18 вагон бо орд ва лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон фиристад.

Гуфта мешавад, кумаки башардӯстона бо дастури Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон фиристода шуда, он иборат аз  ҳазор тонна орд, васоити антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, айнакҳои тиббӣ, ниқоб, пойафзоли тиббӣ ва респираторҳо иборат мебошад.

Кумаки башардӯстонаи ҳамсоякишварро дар Душанбе Азим Иброҳим, муовини сарвазири ҷумҳурӣ ва Насим Олимзода, вазири тандурустӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус 2014 нафар дар карантин қарор доранд.



Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20200409/1031038184/18-vagon-ordu-mavodi-tibbi-kumaki-bashardustonai-Uzbekiston-ba-Tojikiston-rasid.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон