Сирояти каронавирус ба палангу шер

Дар штати Ню Йорки ИМА ҳафт ҳайвони ваҳши ба коронавирус мубтало шудаанд, хабар медиҳад бахши руссии ВВС.

Бино ба иттилои манбаъ ҳайвоноти гирифтори вирус шуда, чор паланг ва се шер мебошанд.

Гуфта мешавад, ки аломатҳои каронавирус дар вуҷуди ҳайвонҳо охири моҳи март пайдо шудааст.  Гумон меравад, ки вируси мазкур ба вуҷуди дарандагон аз кормандони боғи ҳайвонот гузаштааст

Тибқи натиҷагирии олимон сирояти каронавирус ба ҳайвон нахустин бор буда, то ҳол дар ҳеҷ ҷои дунё ба қайд гирифта нашудааст. “Мо нашунидаем, ки дар ягон ҷойи ҷаҳон каронавирус ба ҳайвон сироят карда бошад. Сироятёбии ҳайвон аз одамро аввалин бор мебинам” мугӯяд байтори боғи Бруклин Пол Калле.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон