Қасди худсӯзӣ кардани собиқ додситон

Дар додгоҳи шаҳри Атирауи Қазоқистон баррасии парвандаи Лайло Смадярова, корманди пешини додситонӣ, ки ба ришвахорӣ айбдор мешаваду баъди талоши худсӯзияш бистарӣ гашт, оғоз шуд.

Смадярова, ки ба ҳабси хонагӣ маҳкум буд, 2 феврал бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуда, аз беморхона ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт.

Игор Вранчев, вакили дифои Лайло Смадярова аз додгоҳ хост, то зерҳимояи ӯро бо назардошти вазъи саломатияш аз ҳабс озод карда, дасти кам ҳукми пешин - ҳабси хонагиро бетағйир боқӣ гузорад.

Вале додрас дархости вакили дифоъро рад карда, гуфт, сардухтури беморхона вазъи саломатии Смадяроваро дар номааш "муътадил" арзёбӣ кард. Вранчев исрор дорад, ки зерҳимояаш ҷисман ранҷ мебарад.

Вай дархост кард, ки додраси парванда иваз карда шавад. Лайло Смадяроваи 37-сола, ёвари пешини додситон дар гирифтани ришва айбдор мешавад.

Ӯ моҳи августи соли 2017 аз кор озод ва баъдан ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Худи Смадяроваро ин айбро рад карда, мегӯяд, аз ноумедӣ қасди худсӯзӣ кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон