ЯК БОЙБАЧАИ ТОҶИК БА ТӮЯШ ДАР ТАРАБХОНАИ “ЯККАЧИНОР” ФИЛИП КИРКОРОВРО ДАЪВАТ КАРДААСТ (ВИДЕО)

 
01/04/2020

Дар саҳифаи "Ресторани Якка-Чинор” дар шабакаи Инстаграм видеои як лаҳзаи ҳунарнамоии ситораи машҳури эстрадаи Русия Филип Киркоров дар як тӯй дар ин тарабхона нашр шудааст. Филип Киркоров дар ин маърака бо либосҳои бошукӯҳи хоси ин овозхон ҳунарнамоӣ мекард ва дар сараш як тоҷи кабуди бузурге гузоштааст. Дар видео дида мешавад, ки Филип Киркоров таронаи ҳити охиринаш бо Егор Крид– "Цвет настроения чёрный иҷро мекунад ва меҳмонони тӯй ҳунарнамоии ситораи эстрадаи русро дар телефонҳояшон сабт мекунанд.

 

Кай баргузор шудани ин маърака ва тӯйи кӣ буданаш маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки овозхоне, ки дар тарабхонаи "Яккачинор” ҳунарнамоӣ мекунад, худи Филип Киркоров аст, ё касе, ки ӯро ҳам дар тарзи хондан ва ҳам дар тарзи либоспӯшӣ ва ҳатто ороиши мӯю рӯ тақлид мекунад.

 Ёдовар мешавем, чанд моҳ пеш дар як тарабхонаи шаҳри Истаравшан овозхоне худро Юлдуз Усмонова муаррифӣ карда, ҳунарнамоӣ карда буд. Вале маълум шуд, ки ситораи эстрадаи ӯзбек он рӯз дар Тошканд будааст ва ба ҷояш як тақлидкору он ҳам мардро "Юлдуз Усмонова” гуфта, ба ҷои ӯ ба саҳна баровардаанд. Дар робита ба фиреби тамошобинон дар Истаравшан дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ ҳам боз карда буданд.

Ба сурати умум, даъвати ситораҳои машҳур аз Русия барои "хизмат дар тӯй” дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст ва зӯри ҳар кас ҳам ба ин намерасад.

 

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, Филип Киркоров барои ширкаташ дар тӯй ва тақрибан 40 дақиқа ҳунарнамоӣ аз 75 ҳазор то 100 ҳазор доллар ҳаққи хидмат мегирад. Фармоишгарон бояд ҳамчунин парвози ӯ дар бизнес-класс ва ҳатто бо ҳавопаймои хусусиро таъмин карда, барояш шароити шоҳонаи зист ва хӯрду хӯрокро фароҳам биоранд.

 

Филипп Киркоров — от $75 000—100 000

 

Что получим: стандартный 40-минутный концерт.

Однако траты не ограничатся одним гонораром. Придется удовлетворить приличный райдер певца. Заказчикам не обойтись без билетов в бизнес-класс или заказа частного самолета. Помимо комфортных условий для путешествия, нужно учесть все пожелания в еде, напитках и требования к гримерке.


 

 

 

Баъди нашри ин матлаб чанд хонандаи "Ахбор” хабар доданд, ки дар ин тӯй дар тарабхонаи "Яккачинор” як овозхони тоҷик бо номи Салим, муассиси гуруҳи балети "Тоҷ” ("Тадж”) ҳунарнамоӣ кардааст, на Киркоров. Салим, ба гуфтаи ин хонандагон, дар тарабхонаҳои Душанбе, бештар дар "9-й вал” дар либоси Киркоров овозхонӣ мекардааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон