расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ёдгор Файзов аз фаъолияти милисаҳо ва гурӯҳи "Авангард" нигаронӣ кард

. / Сиёсат

Ёдгор Файзов аз фаъолияти милисаҳо ва гурӯҳи "Авангард" нигаронӣ кард

Сурат: Дафтари матбуоти раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аз кори милиса дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" изҳори нигаронӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки Ёдгор Файзов, иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020”-ро мавриди барасӣ қарор дода аз камфаъолиятии роҳбарияти шуъбаҳо ва зерсохторҳои милиса, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳи "Авангард"  норозиятӣ кардааст.
Раиси вилоят дар мавриди барқарор намудани робитаи мустақиму устувор бо аҳолӣ, соҳиб шудан ба боварии халқ ва шафофияти кор, пинҳон намудани гурӯҳи ҷинояткорон ва дастгирӣ намудани онҳо аз тарафи гуруҳои алоҳида, бахусус ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд.
Файзов, қонуншиканиро маърифати сусти тарбияи ҳуқуқӣ дониста, дар ин маврид роҳбарияти вилоят нисбат ба шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" низ изҳори норозигӣ байён кардааст. Ӯ  изҳор дошт, ки “дар ҳолатҳои душвор аз онҳо қариб даракеро намеебад”.
Ҳамзамон дар натиҷагирии фаъолияти милитсия кори сусти шуъбачаҳои минтақавӣ, мавқеъгирии заифи онҳо, тарсу боварии мардум аз шоҳидӣ додан дар ин ё он вазъият масъалаи дигари доғи рӯз дониста шудааст. 
“Намегӯям, ки ислоҳоти милитсия дар вилоят ғайриқаноатбахш ҳаст, нокифоя аст, вале масъалаҳои доғ дорем - яъне мукаммал кардани сохтори вазорат, таъмин намудан бо кадрҳои шоиста, ба таври шаффоф кор кардан ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба милитсия, дастгирии милитсия аз тарафи ҷомеа ва паст кардани ҷинояткорӣ тавассути фаҳмондадиҳӣ”, - иброз намудааст Ёдгор Файзов раиси ВМКБ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.