расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Раиси ҲСДТ: Ҳизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев адвокати касбӣ киро мекунад

. / Сиёсат

Раиси ҲСДТ: Ҳизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев адвокати касбӣ киро мекунад

Ӯ то ҳол намедонистааст, ки муовинашро бо кадом сабаб боздошт кардаанд.

Раҳматилло Зойиров
Сурат: Акс аз бойгонӣ
Раиси Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) изҳор дошт, ки то ҳол дақиқ намедонад, ки барои кадом амалҳои ғайриқонунӣ рӯзи шанбе муовинашро боздошт кардаанд.
Раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ имрӯз як гурӯҳ аз фаъолони ҳизбро барои муайян кардани сабабҳои боздошти муовинаш Маҳмурод Одинаев ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон мефиристад.
Ба гуфтаи Зойиров, ӯ рӯзи 4 декабр, як рӯз пеш аз боздошт бо Маҳмурод Одинаев гуфттугӯ кардааст.
“Он замон гуфт, ки ӯро барои дигарандешӣ таъқиб мекунанд ва вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошт ба хонааш меоянд, маҷбур шудааст, ки гурезад”, - қайд кард Зойиров.
Раиси ҲСДТ таъкид дошт, ки барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.
Қаблан Раҳматилло Зойиров зимни як нишасти матбуотии вижа ба расонаҳо хабар дода буд, ки Маҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст ва ҳоло машғули табобат аст.
Баъдан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.