Барои хонаводаи худ беҳтарин бошед

Ҳаркас ва бо ҳар ҷойгоҳе вақте беҳтарин хоҳад буд, ки барои хонаводааш беҳтарин бошад. Хонавода бахши кӯчаке аз ҷомеа аст, ки вежагиҳои хос дорад. Хонавода майдони амал аст. Ҳаркасе ҳар чи ҳаст ҳамон андоза қадру қобилият дорад, ки дар хонавода аз он бархурдор аст. Касе, ки барои хонаводаи худ хайре надорад, берун аз хонавода ҳам атрофиён барояш арзиш қоил нестанд, ҳар чанд бисёр зоҳирсозӣ кунад.

Гоҳе таҳсилоти боло, ҷамоли зебо, моли зиёд ва… ба ҷои онки имтиёзе барои хонавода бошад, балои хонавода мешавад. Дар ин сурат чандон имтиёзе дар вуҷуди соҳиби ин ҳунарҳо нест. Ҳамаи ҳуснҳо ва арзишҳои мо бояд дар ҷиҳате бошад, ки хайр ва некии моро дар хонавода афзоиш диҳад.

Ҳунар он аст, ки қабл аз ҳар чиз дар хидмати хонавода ба кор гирифта шавад ва сабаби беҳтар шудани хонавода шавад. Ва ба ҳар ҳол ба навъе манфиаташ насиби хонавода гардад. Агар яке аз завҷайн ба хотири таҳсилот, шуғл ё ҳунараш, хонаводаи худро табоҳ кардааст, ҳаргиз хайре дар таҳсил ва ҳунараш нест. Он ҳунар, ваболи гардан аст ва камоле барои шахс маҳсуб намешавад. Агар хайр буд қабл аз ҳар чиз хайр буданашро дар авзои хонавода нишон медод. Магар мешавад оташи афрӯхта бошад ва атрофаш гарм нашуда бошад, аммо дуртрҳоро гармо бахшида бошад. Агар ба наздикон ҳарорате нарасида аслан оташе дар кор нест. Намоиши фиребанда аст.

Некӣ ба аҳли хонавода

Дар ҷомеа ҳар касе метавонад бо рафторҳои фиребанда ҷалби таваҷҷуҳ кунад ва худро беш аз ончи ҳаст, нишон диҳад аммо дар хонавода ҳар касе ҳамон чизе аст, ки воқеан ҳаст.

Бинобарин беҳтарин афрод дар хонавода, вақте метавонанд беҳтарин дар ҷомеа бошанд, ки хонаводашон битавонад ба онҳо такя кунад. Аҳамият додан ба хонавода ва ҳамчуни некӣ ба аҳл хонавода бояд бештар таваҷҷуҳ карда шавад ва бидонем, ки қабл аз ҳар чизе масъули хонавода ва аҳли хонаи худ ҳастем.

Падаре, ки дар берун аз хонавода бисёр бонуфуз ва боахлоқ аст аммо дар хонавода ба хотир камҳавсалагӣ ва бадахлоқӣ аз маҳбубият ва нуфузи бисёр каме бархурдор аст, агарчи пизишк ва мутахассис бошад дар назди хонаводааш чандон фарди шоистае нест. Ӯ агар воқеан ҳунаре дорад, аввал бояд инро дар оинаи хонавдои таҷаллӣ бахшад.

Дӯсте мегуфт, ҳамсари ман докторои физик дорад ва шогирдони зиёд ва шаъни болое дар ҷомеа дорад. Аммо дар хона аз хушрафторӣ ва ҳидояти навҷавони худ нотавон аст ва доим бо ӯ меҷангад ва ман маҷбурам ҳамеша воситаи байни ин падар ва фарзанд бошам. Дар ин хонавода, модар агарчи таҳсилоти зиёде надорад, ҳақиқатан аз ҳамсари худ боҳуш тар ва шоистатар аст чароки хирадмандон, аслҳоро фидои фаръҳо намекунанд. Барои ҳар инсоне хонавода ҷузви усул аст. Чунин зане барои хонаводааш беҳтар аст ва дар ҳақиқат ҳам аз шахсияти қавитар ва мумтозтаре нисбат ба ҳамсари худ бархурдор аст.

Падар ва сарнавишти як зиндагӣ

Падаре, ки хонаводаашро бо ҳушёрӣ ва хушхулқӣ тавре ҳидоят мекунад, ки ҳар як аз аъзои хонавода ба хотири мудирият ва фидокориҳояш ба навъе ба хушбахтӣ даст меёбанд, беҳтарин афроди ҷомеа аст, ҳар чанд як коргари содда бошад. Модаре, ки худро фидо карда то дигар аъзои хонавода ба хостаҳои худ бирасанд, дар ҳақиқат фаҳмидатарин узви хонавода аст. Ӯ қурбонӣ ва маҳрум нест,ӯ аз ҳама беҳтар аст. Дигар аъзои хонавода ҳар чӣ бештар шабеҳ ба ӯ шаванд шоистатар шудаанд.

Агар мехоҳед гоме дар ҷиҳати боарзиш кардани ахлоқи худ бардоред, саъй кунед бештарин саҳмро дар хайр ва некӣ дар хонавода дошта бошед. Соҳиби равишҳои писандида ва одатҳои хубе бошед, ки сабаби поягузории ахлоқҳои хуб дар хонавода шавад. Илова бар имтиёзҳои ахлоқӣ, саъй кунед, беш аз ҳама шумо барои рифоҳи аҳли хонавода бикӯшед. Ҳар, ки хонаводааш аз заҳматҳои ӯ дар рифоҳ ва осоишанд, соҳиби ахлоқи беҳтар ва шахсияти болотаре аст ва назди худованд маҳбубияти бештаре дорад.

Бинобарин дар умқи хонаводаи ҳар касе метавон ба хубӣ ба ин матлаб расид, ки беҳтарин мардум ҳамонҳое ҳастанд, ки барои хонаводаашон беҳтарин бошанд. Ғайр аз ин ҳар чӣ ҳаст, зоҳирсозӣ ва фиреб аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон