Дунёи дигар. Сабақҳои коронавирус ба Тоҷикистон ва ҷаҳон


Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Дар Душанбе мунтазиранд, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари шашрӯза аз шимоли кишвар бармегардад ва масъалаи коронавирус баъдан ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад шуд.

Ӯ дар Хуҷанд Наврӯзро таҷлил кард, дар ҷашнвораҳои “Сайри гули лола” ва атласу адрас, иди асал, нон ва картошка иштирок намуд, лентаи чанд мактаб, корхонаву боғу гулгашту гармхонаи навро буриду онҳо ба кор сар карданд.

Дар чорабиниҳои идона ва мулоқоте, ки масъулин барояш таҳия кардаанд, ҳарчанд президент ба бӯҳрони нави ҷаҳон ишораҳое намуд, ошкоро чизе нагуфт.

"Мо таҷрибаи вазнини солҳои 90-ум ва ҷанги шаҳрвандиро дорем" - он чи ки дар ин чорабиниҳо ӯ гуфту мегӯяд, гапи нав нест.

Аммо дар дунё бӯҳрони коронавирусро, ки тибқи маълумоти расмӣ дар Осиёи Миёна танҳо дар Тоҷикистону Туркманистон ҳоло аз худ аломат надодааст, ба гунаи мухталиф, вале ба сифати як бӯҳрону майлони нав ва хеле ҷиддӣ баррасиву маънидод менамоянд.

Дигар хел шуданаш имкон надорад, чун ин вирус тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳудуди 200 давлатро фаро гирифтаву ҷони беш аз 20 ҳазор касро гирифтааст. Теъдоди мубталоён сония ба сония меафзояд.

Барои олимон ҳам аҷиб аст, ки дар қатори давлатҳои ҳоло вораста аз ин бӯҳрон, бештар кишварҳое истодаанд, ки низоми давлатдории диктаторӣ ва авторитариро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки суол мегузоранд: “Оё воқеан ин кишварҳо василаҳои пешгирии ин гуна таҳдидҳоро доштанд, ё аз ҷомеаи дохил ва хориҷ чизеро пинҳон мекунанд?"

Ин ҳам як бардошт асту фикр мекунам дар барномарезиҳои сиёсати ҷаҳонӣ ҳатман аз баррасиҳо дур намемонад.

То вақте мардум ба кӯчаҳо нарехтанд...

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои пешрафта ба бӯҳрони пешорӯ бархӯрдҳои гуногун доранд. Тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бо он аз як тараф, аз ҷониби дигар, масоили пешорӯи пас аз ин бӯҳронро ҷиддӣ баррасӣ мекунанд.

Ҳадс зада мешавад, ки пас аз ин бӯҳрон дунёи дигаре хоҳем дошт, ки сиёсат, муносибат, фарҳанг ва иқтисоди навро дар ҷаҳон пеш меорад.

Душанбеи расмӣ танҳо рӯзҳои 4-6-уми март, ки мардум ба бозору дӯконҳои савдо рехтанду орду равған ва маҳсулоти ғизоиро ба миқдори зиёд хариданд, як шакли таҳдидро то ҷое эҳсос кард ва вокуниш нишон дод. Он шабу рӯз шабакаҳои ТВ ва радиои давлатиро маҷбур намуданд, ки даҳҳо масъулинро ба назди микрофон биёранду мардумро ором кунанд. Пас аз ин, агар ин расонаҳо матолибу гузоришҳое вобаста ба коронавирус таҳия намуданд, якхела ва дилбазан ҳам буданду ҳастанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои ҳатто давлатии кишварҳои дигар бархӯрд ба ин мавзуъро мухталиф ва аз ҳар зовия роҳандозӣ мекунанд.

Мавзӯи №1

Путинро мебинем, ки дар як рӯз бо чанд гурӯҳи масъулон, коршиносон, олимон мулоқот менамояд, аллакай дафъаи дувум муроҷиати телевизионӣ ба мардумаш анҷом медиҳад, аз иқдомоти анҷомдодаву нияткардаи худ ҳисобот медиҳад. Ҳарчанд иқтисоди Русия низ дар пайи ин бӯҳрон ва поин омадани нархи нафт ба мушкили дигаре рӯ ба рӯст, гӯё нишон доданист, ки ҳукумати ӯ ҳамоно иқтидор дорад ва барои мардум истифода мешавад. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин, чун мухолифонаш дар паи ислоҳоти конститутсионӣ “баҳори гарм”-е ваъда намудаанд ва чанд машқ (“репетисия”) доштанд.

Дар Душанбе аз ин гуна мавзӯъҳо беташвишанд. Онҳо гӯё бовар доранд, ки вазъият ҳамон гуна мешавад, ки ҳукумат мехоҳад. Шояд вирусро ҳам як ҷараёни идорашаванда мепиндоранд. Аз ин ҷост, ки муҳокимаҳои ҷиддӣ нест, маънидоди бӯҳрони навро намешунавем.

Ҳукумат аввал мавзӯъро бештар дар доираи Вазорати тандурустӣ маҳдуд гирифт. Бо таъин намудани сарвазир Қоҳир Расулзода дар мақоми сарварии ситоди вижа, дар назар гӯё масъаларо ҷиддӣ гирифтанд. Аммо пас аз чанд рӯз сарвазирро ҳам ба ҷашнҳои наврӯзӣ ба Хатлон фиристоданд. Ба вилояти калону пурнуфустарин, ки тайи боронгариҳои ахир сел ба чанд ноҳия зарар оварду талафоти ҷонӣ ҳам дошт. Бо ин вуҷуд, Расулзода ба мавзеъҳои офатрасида нарафт. Миссияи ӯ дигар буд.

Ба ноҳияи аз ҳама бештар зарардида – Хуросон, ки беш аз 700 нафар хисорот дидаанд, муовини навтаъини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода рафт ва он ҳам хеле дер - 25-уми март, ҳарчанд сел ба ин ноҳия шаби 21-уми март омада буд.

Тибқи хабарҳо рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд ва эҳтимол ҷаласаи ҳукумати худро даъват мекунад. Масъалаи офатҳои табиӣ ва коронавирус ҳам шояд аз асосиҳо бошад. Албатта, пас аз натиҷагирӣ аз сафари вилояти Суғд...

Ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки як карантини сабук эълон хоҳад шуд. Шояд барои зарурати дохилӣ. Ё дар пайи талаботи беруна. Вале ин маъноеро надорад, ки бӯҳрони пешорӯи ҷаҳониро дар Душанбе ҷиддӣ тафсир намоянд...

Маънидоди коронавирус аз Темур Зулфиқоров

"Ҳаким гуфт:

- Коронавирус ин махлуқи зиндаи навпайдост. Охирин демократи ҳақиқатпараст дар рӯи Замин хоҳад буд. Он на ба сарватманд раҳм дорад, на ба камбағал, на ба ҳоким, на ба ғулом...

Бойҳоро барои дуздӣ ва бепарвоиашон ҷазо медиҳад, камбағалҳоро ба хотири тарсуӣ ва итоаткорӣ...

...Душмани ашаддии Инсоният ин ҳокимони пурхӯри бераҳманд. Ҳоло рамаро подабонҳо бонӣ намекунанд, балки гургҳоеанд дар сурати подабон. Аз ин рӯ, ҳоло вирусҳо ба қудрат расидаанд, на одамон. Онҳо бошанд аз тарси шиками худ сарҳадҳоро бастаанд. На ба он хотир, ки фикри мардумро доранд, балки мехоҳанд чеҳраи аслии худро, ки ҳоло маълум шудааст, ҳифз кунанд..." (Аз масали ахир)

Олами илм чӣ мегӯяд?

Аммо, тавре ишора шуд, дар дунё танҳо нависандагон бӯҳрони навро тафсир намекунанд. Даҳҳову садҳо пажӯҳишгоҳ, академияҳо сари коронавирус фикр доранд, хулоса мебароранд, ба ҳукуматҳо машварат медиҳанду ҳукуматҳо аз рӯи онҳо кор мегиранд. Гуфта мешавад, ки:

  • Пандемияи коронавирус раванди ҷаҳонишавиро зери суол бурд ва акнун дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ манофеи миллӣ нақши асосӣ хоҳанд бозид, ки хатари сарҷамъии давлатҳоро дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ пеш меорад, мустақилии давлатҳо бештар мешавад;
  • Иқтисоду истеҳсол акнун ба сатҳу сифати дигар хоҳад чархид;
  • Давлатмардон дигар ба мардуми худ таваҷҷӯҳи бештар ва ҳамин тавр масоили ватаниро зиёдтар баррасӣ мекунанд, ба ҷои мавзӯъҳои сатҳи ҷаҳонӣ;
  • Эътибори маълумоти расмӣ боло меравад, агар онҳо воқеиятро арзёбӣ кунанд;
  • Ҷойгоҳи ҳукуматҳои электронӣ ва демократияи электронӣ боз ҳам боло меравад;
  • Мардум ба масоили хонаводагии худ бештар даргир мешавад, чун бештари вақти худро дар хона мегузаронад;
  • Инсоният пеши ду интихоб қарор мегирад: 1) назорати комил ва озодӣ, 2) маҳдудаи миллӣ ва ҳамраъйӣ бо тамоми дунё;
  • Фанновариҳои нав акнун 24 соат метавонанд одамонро назорат кунанд ва ҳатто ба зери пӯсти онҳо ворид шаванд: дар Чин телефонҳои ҳушманд маълум карданд, ки ин ё он нафар бо одамони заҳролуд тамос дошт, ё не. Ҳукуматҳо дигар имкон доранд, ҳатто ҳарорат ва фишори одамонро зери назорат гиранд. Гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз ин ҷараён метавонанд маълум намоянд, ки ба суханронии сиёсатмадорон чӣ гуна вокуниш бадар мекунед, дар кадом ҳолат чӣ эҳсос доред. Агар пандемия ин корро накард, баҳонаи дигар ҳатман пайдо мешавад;
  • Мафҳуми “failed states” – давлатҳои шаклногирифта, ки қаблан ҳам дар ҳисоботу шохисҳои созмонҳои алоҳида ҷо дошт, пас аз ин бӯҳрон ҷиддитар мегардад ва кишварҳое, ки бо пайомадҳои пандемия як ба як монданду онро ҳал карда натавонистанд, эҳтимол пурра аз байн мераванд;
  • Нобаробарии иҷтимоии мавҷуда, ки як қисмати ками мардум бо имконоти бемаҳдуд захираҳои давлатиро аз худ карда, зиндагии шоҳона доранду аҳолии зиёд азоби тангдастӣ мекашанд, то ҷое ҳалли худро пайдо мекунад. Ёдатон ҳаст, ки тезисе пайдо шуд: “Ба футболбозон миллионҳо доллар медиҳанду ба духтуру муаллим чанд танга”?
  • Футуролог – оянданигарҳо, ки дар матлаби пешин дар бораашон гуфтем, тахмин мезананд, ки фарҳанги саломи дастӣ ё бӯсобӯсӣ шояд то як муддат аз хотираи мардум гум шавад, мукотибаҳои маҷозӣ бештар мегардад, чун пандемия онҳоро тарсу мекунад;
  • Ватандӯст ва қаҳрамонҳои давраи нав, на низомиёну пулису амниятиҳо, балки духтурон, олимон, фурӯшандагони мағозаҳои ниёзи аввал хоҳанд буд;
  • Пандемия исбот намуд, ки дар асри 21 ҳам барои одамон масъалаи амният авлавият дорад ва ба хотири он одамон метавонанд аз баъзе пешрафтҳои тамаддун худро канор гиранд...

Гуфтем, ки дар Тоҷикистон чунин баррасиҳо эҳсос намешавад. Ё дар мо сахт мутмаинанд, ки ин вабо ба мо намеояду пайомадҳояш ҳам гарон нест, ё аз рӯи бардошти дигар кор мекунанд: “модоме ин бӯҳрон аз мо вобастагӣ надорад, дар ҳалли он ҳам нақше дошта наметавонем”...

Ба ҷои хулоса

"...Ҳаким нафас кашиду гуфт:

- Ва боз! Коронавирус ба мо мегӯяд:

"Бо мардуми худ зиндагӣ кунед! Дар замини худ, бо забони худ! Дар таърихи худ, дар афсонаҳои худ, бо либосҳои миллии худ! Мисли сағираҳо дар дунё бесоҳиб, ҳамчун фарзандони беҳадафи асри XXI нагардед..." (Масали ахири Темур Зулфиқоров)

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон